(Аз китоби «Қиссаҳои зиндагӣ»-и Эркини Миркамолиён)
Давлат муддати тӯлонй дар Русия буд. Ӯ солҳои пешин, ки ҳар кас ба ихтиёри худ буд ва рафтуомад ба кишвари хориҷа соддаву осон буд, сафар кардааст. Дар оилааш модари пиру зан ва як духтарча дошт. Дар Русия ҷойи кор ва буду бошаш чандон равшан набуд.
Завҷааш Гулбаҳор шаш сол нигарон буд, вале Давлат боре ҳам ба хона наомад.
Гулбаҳор ноумед шуда, ниҳоят марди дигарро, ки дар синну сол аз ӯ хеле калонтар буд, ихтиёр кард. Шавҳари наваш занмурда буд ва чор тифлак дошт. Хушдоманаш кампири Ҳилолбӣ садди роҳи келинаш нашуд.
Ҳилолбӣ: Хайр, Гулиҷун, худут медонию Худо. Ма тура чизе намегум, ҳамиқа сол сабру токат кардӣ, раҳи шавҳарта нигарон будӣ. Чӣ илоҷ, тақдир ҳамӣ будай. Ай Давлат хату хабар ҳам наумад. И тарафуш, пешонита Худо кушоя.
Гулбаҳор кампири хушдоманашро дилбардорӣ карда, гуфт:
- Мома, биё, мн тура ҳамраҳи худ барум!
Ҳилолбӣ: Э-э, мун куҷо мерам, бай сари тура сарборӣ шавум?
Гулбаҳор ғамгинона: И гапа нагӯ, момаҷон. Ба мна вазбинӣ намераса.
Ҳилолбӣ: Не, дхтарм, бра, паноҳут ба Худо,- гуён, наберачаашро ба оғӯш кашид. Духтарча ба кампир сахт часпида, мегиряд.
Духтарча: Момаҷун, ма намерам!
Ҳилолбӣ: Момат садқа, очат тра бара, ма диданӣ миём.
Гулбаҳор ба мушкилӣ аз дасти духтарчааш гирифта, кашола кард. Кӯдак баланд-баланд гиря карда, «намерам, намерам» мегуфт...
Ҳамин тавр, кампири Ҳилолбӣ яккаву танҳо монд. Ҳар субҳ аз хоб хеста, ба теппаи канори деҳа баромада, даст ба пешонӣ бурда, бо чашмони хирашудааш ба тарафи пайроҳаи печдарпеч нигоҳ карда, меистод. Роҳ мепойид, роҳи бачааш Давлатро. Чун ноумед мешуд, зери лаб мегуфт: “Хайр, хар ҷое боша, Илоҳо саломат мона! Дар қатори дигаро зиндаю солим боша. Замона тинҷ боша, як рӯз не, як рӯз меомадагист?!”.
Баъдан, кампир ду даст ба пушт, бо қомати хамида оҳиста-оҳиста қадам монда, сӯйи кулбааш равон мешавад. Баробари ба хона расидан, ба пали кашнизу пиёз даромада, то ғуруби офтоб ба хишова кардан андармон мешавад. Баъдан, аз як сар бузаки алояш пагоҳу бегоҳ як коса шир меҷӯшид. Хулоса, кампир ором наменишаст. Гоҳе дос ба даст гирифта, алафҳои гирду атрофро медаравид.
Ин субҳ ҳамсоязан ворид мешавад.
Ҳамсоязан: Мома, чӣ ҳол дорӣ?
Ҳилолбӣ: Э, биё, чолота садқа. Чӣ худта овора кардӣ?
Ҳамсоязан: Нун бастм. Фатири гармт овардм.
Ҳилолбӣ: Овора шдӣ. Биё, ай болои курпача бшин.
Ҳамсоязан: Не, мома, брам, кором бисёр. Ҳич хату хабари бачат омадай?
Ҳилолбӣ: Ҳо, имшав дар хобум дурумад. Дар тануш чим неми-чӣ пӯшида буд, ранги пӯстинворӣ. Дар саруш шапкаи урусӣ дошт.
Кампир, баъд андаке қомати хамидаашро рост карда, ба ҳамсоязан рӯ овард:
- Ҳаму шавҳарта бугӯ, даракша ёва!
Ҳамсоязан: Э-э, момаи содда, Русия як мамлакати калонай. Худо медона дар кадом шаҳру кунҷу каноруш боша! Ба самолоту вертолот бугардӣ ҳам, ёфта намешава. Ҳамиқа солҳо гузашт, нахо як бор ҳам ба дидорбинии модари пируш наоя?!
Ҳилолбӣ: Худо, ки ба дилуш нандоза, ба гуфтаи мову ту мешава?!
Ҳамсоязан изҳори норозигӣ карда:
- Бачат сангдилу бемеҳр бдай, мома!
Ҳилолбӣ: И хел нагӯ бачама, ма ғайри Давлат дига каси наздик надорум. Омада, мара гӯру чӯб куна, басай. Дигар, ай Худованд талабе надорум.
Кампир бо нӯги докаи ба сараш печида оби чашмонашро пок карда, хомӯш монд...
Ҳамсоязан тоқат накарда, оҳиста аз ҷояш мехезад:
- Мома, дунё ба умед, ноумед нашав. Кӣ медона, бачат дар роҳ будагист... Пугоҳӣ бо мн хабарут мегирум.
Раҳораҳ ҳамсоязан аз дил мегузаронд: «Хеҷ бандара Худованд бе кас накуна...».
(Давом дорад)
Омодасоз: Э. КАМОЛЗОДА