Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ! Агар дар ёд дошта бошед, чанде пеш мо дар бораи як ҳодисаи ваҳшатнок-зану фарзандашро кушта, сипас ҷасадҳояшонро оташ задани як мард дар вилояти Суғд хабар дода будем.
Аз ин куштори пурсарусадо 22 рӯз гузашта бошад ҳам, то ҳол дар байни мардум овозаҳо дар бораи ин ҳодисаи нохуш ва даҳшатовар хеле зиёданд.
Аз ҳамин сабаб хонандагонамон аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз мо зиёд хоҳиш карданд, ки пайгири ин қазия бошем ва маълумоти бештарро дар бораи ин воқеаи ваҳшатбор ва гӯшноршунид нашр кунем.
Аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд тафтишоти парвандаи марди занкуш оғоз шудааст ва инак мо дар такя ба гузориши Акбар Шарифи, сухангӯйӣ РВКД дар вилояти Суғд ба баъзе паҳлуҳои ин ҳодиса равшанӣ меандозем.
Рашки хунин
Саволи асосӣ он буд, ки чаро мард ба ҳамсар вафарзанди худаш раҳм накарда, зан ва писарчаи 9-солаашро бераҳмона бо дасти худ ба қатл расонидааст.
Тавре Акбар Шарифӣ гузориш медиҳад, марде, ки зану фарзандашро куштааст, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамови 36-сола буда, дар шаҳри Конибодом ба мардикорӣ машғул будааст. Аҳли оилаи ин мард дар кӯчаи Азимии Меҳнатобод зиндагӣ мекардаанд.
Тавре ки худи марди занкуш иқрор шудааст, сабаби даст ба чунин амали ваҳшиёна задани ӯ рашк будааст. Нобоварӣ нисбат ба ҳамсари ҳаётиаш ва рашки ҷонсӯз ақли мардро тира сохта, боис даст ба чунин амали ваҳшиёна заданаш гаштааст.
Бо табар зада кушту ҷасадҳоро оташ зад
Зокир Аъзамов дар заминаи рашк пайи куштани ҳамсараш шуда, қаблан аз бозори Баракат як адад табар мехарад.
Шаби 28-уми ноябр тахминан соатҳои нӯҳи шом бол мақсади амалӣ намудани нияти нопокаш, яъне куштор вай роҳи хонаашро пеш мегирад. Ба хотири он ки касе ӯро набинад, Зокир Аъзамов аз шаҳри Конибодом то ноҳияи Зафаробод на бо воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ ё таксӣ, балки бо роҳи пурпечутоби саҳроӣ велосипедсавор ба хонааш меояд ва ба манзили худ на аз дарвоза, балки мисли дуздон аз сари девор парида медарояд.
Мард вориди ҳуҷраи хоб гашта, аввал бо занаш каме баҳсу мунозира мекунад ва сипас ба берун баромада табарро меорад .
Ҳамин тавр Зокир аъзамов аввал ҳамсараш Аъзамова Фирӯза Тошпулотовна, соли таваллудаш 1986)-ро бо табар зада мекушад, сипас писарчаи 9-солааш Аъзамов Сайёдҷонро бераҳмона ба қатл мерасонад.
Ин марди бадсиришт хонаи хобро ба қассобхона табдил дода, ғарқи хуни одамӣ мегардонад ва сипас се литр бензинеро, ки бо худ оварда буд, пошида ҷасадҳоро оташ мезанад ва гӯё ягон ҳодиса рӯй надода бошад, бо воситаи велосипедаш фирор мекунад...
Бозёфти даҳшатбор
Пагоҳии 28-уми ноябр , сокинон аз буғи ғазили сӯхта, ки ба атроф паҳн гашта буд, нороҳат шуда ба хонаи Аъзамовҳо меоянд ва дари хонаро мекушоянд. Дар дохили хона ду ҷасадаи сӯхтаро пайдо карда, онҳо ба кормандони мақомоти милитсия хабар медиҳанд.
Зокир гумон мекард, ки баъди хонаро оташ задан изи ҷиноят нест шуда, амали ваҳшиёнаи ӯ ошкор намешавад, вале “давидани гӯсола то коҳдон”гуфтагӣ барин, марди занкуш дере нагузашта ба чанг афтид.
“Нофаҳми”-е, ки боиси куштори ваҳшиёна гашт
Кормандони милитсия дар натиҷаи гузарониди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Зокир Аъзамовро аз шаҳри Конибодом дастгир карданд.
Номбурда зимни таҳқиқи ҳодиса чи хел вориди хона шудан ва чи тавр куштани зану фарзандашро пурра нақл мекунад, вале дар посух ба саволи ҳайати тафтишот дар бораи сабаби даст ба чунин амали ваҳшиёна заданаш танҳо “байни мо нофаҳмиҳо буд” гуфта, дигар чизе илова намекунад.
Айни ҳол бо дастрасии моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Зокир Аъзамов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад. Мо пайгирӣ ин қазия ҳастем ва баъди содир шудани ҳукми суд хонандаи азизро огоҳ хоҳем кард.