Sebiston new 2024 october
Марди зандор фиребам кард
17.07.2023
ОИЛА
1427


Ҷавоне се сол аз пасам давида, худро Маҷнуни сонӣ вонамуд мекард. Аввалҳо ба вай аҳмият намедодам, вале рафта-рафта суханҳои ширинаш дар дилам маъво гирифтанд ва худам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр ишқашро қабул кардам.

Ба хонаамон хостгор фиристод. Хонаю дар надоштанашро фаҳмида, волидонам рад карданӣ шуданд, вале мани содаю ошиқ ду поямро ба як мӯза андохта «ба ғайри ҳамин ҷавон ба ҳеҷ кас намерасам» гӯён, маҷбур намудам, ки розигӣ диҳанд. Ҳамин тавр, мо як тӯяки хоксорона ороста, зану шавҳар шудем.

Азбаски домод имкони иҷора гирифтан надошт, дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекардем. Шавҳарам лоф зада мегуфт, ки дар фалон ҷо замин дорад ва дар байни ду-се сол хона сохта, маро мебарад, вале баъдтар маълум шуд, ки ҳама суханонаш дурӯғи маҳз будаанд.

Шавҳари фиребгари ман кайҳо зану фарзанд ва хонаю дар доштааст. Ин хабарро шунида, ҷангу ҷанҷол бардоштам. Ба ҷойи узр пурсидан шавҳари маккорам мани ҳомиладорро партофта, қаҳр карда рафт. Айни ҳол тифли батнам ҳафтмоҳа аст. Метарсам, ки фарзандам бе падар ба дунё омада, як умр таънашунави дӯсту душман мегардам. Шайтон васваса мекунад, ки ба хонаи падараш рафта, ҳама буғзи диламро дар назди зану фарзанд ва волидонаш кафонам, вале модарам сади роҳам гашта «ин номаъқулиро накун» мегӯяд. Дар байни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Сари калобаамро гум кардаам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед! Ба хонааш рафта, шавҳарамро шарманда кунам ё ба тақдир тан дода, зиндагиамро ҳамчун зани дуюм бо ин марди фиребгар давом диҳам?
А.Р., аз ш. Ёвон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД