Arzon march 2024
Марди сиёҳбахт (ҚИСМИ 3)
1995

Мардон чандин хар ҳезуми бодому фарку заранги хушк ва андаке ҳам ангишт, ки кони он дар гўшае аз деҳа буд, захира кард ва аҳли хонавода ба манзили нав кўчиданд. Буду набудашон дар хонаи аввалӣ монд.

Мардон муаллимӣ мекард ва корҳои хонаро анҷом медод.

Соле гузашт. Боре падараш гуфт:

- Бачем, гапи моя нагирифтӣ. Бо як туҳмати ноҳақ аз гул барин зан ва фарзандонат ҷудо шудӣ. То кай ин хел мегардӣ? Умрат мегузарад, пушаймон мешавӣ.

Мардон, ки дар рў ба рўи падар менишаст, аз ҷояш бархост ва бо қотеият гуфт:

- Ман, агар санги осиёро ба сарам гардон кунанд, ба он хона бар намегардам.

- Хуб, набошад, ягон духтарро гўй, хостгорӣ кунем.

Мардон, ки шасташ андаке паст шуда буд, гуфт:

- Кори худатон. Ин бор ҳар киро, ки хостеду хуш кардед, мегирам.

Барои падари Мардон роҳи дигаре боқӣ намонд. Ба чанд дар барои хостгорӣ рафту билохира, яке розӣ шуд, ки духтарашро ба Мардон бидиҳад.

Марҷон бо шунидани ин хабар ба қавли аҳли деҳ «косакуҷомонам» шуд. Орому қарор надошт. Мегиристу мегирист. Чӣ кор карданашро намедонист...

Тӯй сода ва бесару садо буд. Як дег оши сарфуҷамъ карда ба мардум доданду арӯсро оварданд.

Бо гузашти чанд моҳ барои Мардон рўшан шуд, ки ҳеҷ чиз аз ин арус барои ў писанд нест: на нишасту бархосташ, на пухтупазаш, на шустушӯяш ва на муносибату бархўрдаш ...

Ҳарчанд ки ба рўйи арус намекашид ва ба падару модараш ҳам чизе намегуфт, чоҳи ҷудоӣ байни онҳо рўз ба рўз амиқтару амиқтар мешуд.

Тобистон, бо он ки дилаш ба Марҷону кӯдакон ва хонае, ки бо сад меҳнату машаққат сохта буд, месўхт, арўси ношуди дуҷонашро талоқ дод ва деҳаро барои ҳамеша тарк кард.

Дар пойтахт ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ дохил шуд ва дар мактаби миёна дарс медод.

Боре бо беваи ҷавоне ошно шуд. Дидорҳояшон мудате чанд идома дошт ва унсу улфате байни онҳо ба вуҷуд омад.

Ба падараш хабар дод. Падар, бо ин ки аз Мардон сахт дилмонда шуда буд, мошине кироя кард, ду гӯсфанд, як халта биринҷ, ду халта орд ва андаке ширинӣ харида ба хонаи арӯс бурд.

Маросими соддае барои ҳаққу ҳамсояҳои арӯс барпо шуд. Мардон арӯсро ба хонаи иҷорааш бурд.

Мардон ҳамеша дар орзўи сарпаноҳи худаш буд. Рўзҳои истироҳат ва гоҳе шабона дар истгоҳи роҳи оҳан ҳаммолӣ мекард ва тобистонҳо ба мардикорӣ мерафт. Андаке пул ҷамъ кард ва бо ёрии падару бародаронаш ҳавличае харидорӣ кард.

Зани дуюми Мардон баъд аз таваллуди духтарчае шавҳар кард. Духтар, ки Саҳар ном дошт, дар хонаи бобои модариаш якҷо бо фарзандони тағояш мезист. Муҳаббати гарми бобову бибӣ ва тағояш ҷои падару модарашро то ҳадде гирифта буд. Духтар зиндадил, башшош ва бепарво буд.

Боре Мардон барои ширкат дар ҷанозаи яке аз пайвандони наздикаш ба деҳа рафт. Падару модараш маслиҳат доданд, ки Саҳарро бо худаш бибарад, то дилгармие барои худашу занаш, ки фарзанд надошт, бошад. Модараш мегуфт:

- Саҳарака қатет бар, бачем. Дастёри тапа таёр. Ба занат ёрдам мекунад. Заҳри дилата мегирад.

Мардон бе он ки бо занаш маслиҳат кунат, Саҳарро бо худаш бурд. Фикр мекард, ки занаш хурсанд мешавад. Бехабар аз он ки рўзи Саҳар табдил ба шоми тор хоҳад шуд.

Занаш аз аввалин рўзҳои омадани Саҳар хархашаро сар кард. Ба ҳар баҳонаи ночиз дили Саҳарро сиёҳ мекард. Рубу чини хона, шустушўи косаю табақро ба Саҳар бор кард. Саҳарро махсусан вақтҳое, ки Мардон дар хона набуд, мезад ва дўғу пӯписа мекард, ки агар ба Мардон бигўяд, мекушад.

Мардон эҳсос мекард, ки чӣ балое дар ин хона мегузарад. Чӣ балое мегузарад, ки Саҳар рўз ба рўз рангпаридаву шикастаболтар мегардад. Вале Саҳар сир бой намедод, ки намедод ва пурсуҷўву пурсишҳои падараш бе ҷавоб мемонд.

«Албастӣ» - Саҳар ба модарандараш чунин ном монда буд - дар як рўзи сарди зимистон ўро фармуд, ки косаву пиёлаҳоро бурда дар назди водопровод бишўяд. Аз толеъи бад, пои Саҳар лағид. Лаганди пур аз косаву пиёлаву табақи чинӣ ба замин хўрд ва чанд зарф шикаст. Саҳар аз тарс намеёрист ба хона равад. Муддате чанд дар назди водопровод нишаст. Модарандар дид, ки аз Саҳар хабаре нест, худаш пеши ў омад. Ба маҳзи дидани зарфҳои пора – пора ба сари ў дод зад ва аз дасташ гирифта ба тарафи хона кашид. Дар хона бо дастаи ҷорӯб ба сару рўйи Саҳар ба қаҳр мезад. Яке аз зарбаҳо ба биниаш бархўрд ва хуншор шуд. Саҳар кафи дасташро ба зери биниаш дошта буд. Хуни зиёде ҷамъ шуд. Якбора аз ҷояш хест ва кафи хунро ба рўйи «албастӣ» партофт ва башаст аз хона бадар шуд...

(Давом дорад)

Қаҳҳори ХАЛИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД