Arzon march 2024
Марди сиёҳбахт (ҚИСМИ 2)
1605

Марҷон аз қавлаш нагашт. Бо вуҷуди таъкидҳои модарарўсу падарарўсаш номаҳоро ба Мардон нишон дод.

Мардон девона шуд. Менишасту мехест. Номаҳоро пачақу мачақ карда дар мушти росташ нигаҳ медошт. Дар ҳоле ки ба шиддат асабонӣ шуда буд, ба Марҷон гуфт:

- Ту ягон гап дорӣ бо вай. Чаро ба ту хат менависад?

Марҷон гиря мекард:

- Ман ҳеҷ гоҳ баъд аз мактаб ўро надидаам.

Мардон чанд бор барои дидани Қосим ба маркази деҳа, ки маҳалли ҷамъомади мардум буд, рафт. Охирин бор, ки рафт, Қосими сархушро дид, ки бо ду нафари дигар суҳбат мекард. Мардон ўро ба каноре кашиду номаҳоро нишон дод ва ба шиддат гуфт:

- Ҳаромӣ! Чаро ба зани ман хат кардӣ?

Қосими ширакайф парвои одаму олам надошт ва бо бепарвоӣ гуфт:

- Вақте ки дар аскарӣ будӣ, ман зани туро...

Мардон бо муште, ки номаҳоро пачақ карда буд, чунон ба пешонии Қосим зад, ки сарнагун шуд. Вай то хунук шудани дилаш ўро лагадкўб кард, баъд ба хона баргашт ва аз дасти занаш гирифта кашон-кашон ба рўйи ҳавлӣ бароварду гуфт:

- Дафъ шав аз назарам! Се талоқ кардам туя!

Марҷон гирякунон ба хонаашон рафт. Духтарчаю писарчааш аз пасаш фарёдзанон медавиданд ...

Падару модари Марҷон омаданд. Моҷарои бузурге барпо шуд. Хонае, ки орому осуда буд, дар як лаҳза мотамсаро гашт.

Мардон ҳарфи ҳеҷ касро гўш намекард. Падару модар ва хешу табораш насиҳати зиёде карданд, вале ҳеҷ қабул накард, ки накард. Оқибати корашон ба додгоҳ кашид. Аз якдигар ҷудо шуданд...

Падари Мардон хонаро ба келину набераҳояш дода бо аҳли хонаводааш ба хонаи куҳнаи бародараш кӯчид.

Баҳорон падару писар маслиҳат карданд, ки хонаи нав бисозанд. Падари Мардон як порча замини ёна дошт дар болои деҳа. Аз поёни замин ҷўи калони об мегузашт, ки оҳиста–оҳиста заминро хўра мекард. Барои ин ки дар ин замин хона бисозанд, нахуст бояд ҷўи об бетонрезӣ ва ҳатман зерзаминӣ сохта мешуд, то бар рўйи он хона рост шавад.

Роҳи мошин аз канори замин намегузашт. Мардон сангу регу шағал ва дигар масолеҳи сохтмониро бо хар мекашонид. Бо кафидани чашми рўз путкро мегирифту ба соҳили рўдхона мерафт. Санг ҷамъ мекард ва сангҳои бузургтарро бо путк дукафону се кафон мекард. Чунон бо зарда путк мезад, ки аз санг оташак меҷаҳид ва чашмони ўро хира мекард. Касе, ки кори ўро мушоҳада мекард, гумон мекард, ки Мардон қасд дорад ҳамаи дарду аламашро аз санги безабон бигирад. Хастагиро эҳсос намекард. Танҳо касе, ки ба ў ёрӣ медод, бародари хурдиаш буд, ки дар мактаб мехонд ва ҳанӯз устухонаш шах нашуда буд. Ба ҳар ҳол, мадори дилаш буд.

Мардон бо мадади дўстон ҷўйро бетонрезӣ кард ва зерзаминиро сохт. Акнун бояд болору сутуну вассаи хона аз куҳ оварда мешуд.

Як субҳ ҳамроҳи усто ва чанд тан аз ҷавонони гузар, ки хешу табораш буданд, асбобу анҷом ва нону об гирифта, ба куҳ рафт.

Усто, ки дар ин корҳо устухон надошт, ба ҷавонон чанд бурси куҳансолро нишон дод. Ҷавонон бурси калонтаринро интихоб карда, аз се тараф буридан гирифтанд. Чун кор бисёр сахт буд, ҳамдигарро дам медоданд. Садои табарҳо ба куҳҳои атроф бархўрда, қуллаҳои хомўшро ба ларза меовард. Мардон, ки бештару тундтар аз дигарон табар мезад, табараш зуд ба зуд метафсид. Онро ҳар гоҳ ба доман тармае, ки яке аз ҷавонон оварда буд, мегузошт. Тарма вижжос мезад, табари Мардон об мехўрд.

Баъд аз гузашти ҳудуди ду соат арчаи бузургу тануманд сарнагун шуд. Садои наҳибе атрофро фаро гирифт. Дарахти солхўрдаи бурс аз шиддати бархўрд ба замин чоркафон шуд. Бўи хуши бурс ба фазо печид.

Ҷавонон, баъд аз каме истироҳат, пораҳои ҷудошудаи дарахтро кашолаву вазза карда рўйи сой мефароварданд. Усто бо ёрии ҷавонон ин пораҳоро ба пораҳои хурдтар ҷудо ва чортарош мекард. Рўзҳои баъдӣ болорҳо ва сутунҳои чортарошро ба харҳо бор карда ба деҳа меоварданд.

Сохту сози хона пеш аз шурўи сардиҳои зимистон ва қабл аз фаромадани аввалин қирав ба анҷом расид.

(Давом дорад)

Қаҳҳори ХАЛИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД