Марди сермӯйтарини ҷаҳон
16.11.2025
Oila.tj
123

Лалит Патидар, ҷавони 18-солаи ҳиндӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ӯро марди сермӯйтарини ҷаҳон эътироф карданд.

Сабаб бемории нодире бо номи гипертрихоз аст, ки онро «синдроми одам-гург» низ меноманд. Ин беморӣ боиси афзудани мӯй дар тамоми бадан мегардад.

Дар мавриди Лалит, тақрибан 95 фоизи пӯсти ӯ, ҳатто бинӣ, пурра бо мӯй пӯшонида шудааст. Бо вуҷуди ин, ҷавон мегӯяд, ки ҳолаташ ба ҳаёти ҳаррӯза таъсире надорад, ӯ таҳсилу кор мекунад ва худро хушбахт эҳсос менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД