Сзя Хайся ва Сзя Уэнчи мардони 59-солаанд, ки яке нобино ва дигаре аз ҳар ду даст маҳрум аст. Бо вуҷуди ин, онҳо тӯли 13 сол дар музофоти Хэбэйи Чин беш аз 10 000 дарахт шинонданд.
Даҳ сол қабл вақте ин ду маъюб кор пайдо карда натавонистанд, илоҷе ёфтанд, ки ҳам ба худашон судманд шуд ва ҳам ба атрофиён.
Ду дӯст аз ҳукумати маҳаллӣ дар лаби дарё майдони калонро барои ниҳолшинонӣ иҷора гирифта, аз пайи сабзкорӣ шуданд. Дӯстони ҳамном ҳар субҳ аз хона соати 6:30 баромада, дарёро убур мекунанд, зимни ин Уэнчи шарики нобинояшро дар пушт он сӯи соҳил мегузаронад.
«Ман ба Сзя даст ҳастаму вай барои ман чашм»,- бо қаноатмандӣ иброз медорад Хайся.
Онҳо усули хоси кори якҷоя доранд дар кандани чуқурӣ, шинондани ниҳол ва обмонӣ. Ҳамин тавр, дӯстон ҳазорҳо дарахт шинонданд, ки маҳаллаҳои атрофро аз обхезӣ эмин нигоҳ медоранд.