Насимро вақте барои қаллобиаш ба ҳабс гирифтанд, ҳангоми тафтишоти судӣ аниқ карданд, ки ӯ оғоз аз синни 20-солагӣ то имрӯз, то синни 60-солагиаш 16 зани никоҳӣ дошта, солҳои гуногун аз қисми зиёдашон ҷудо шудааст.
Ӯро писари сеюм занаш, ки аслан дарак надошт бо марди булҳаваси занҷаллоб риштаи зиндагиашро пайвастааст, бо шӯхӣ мегӯяд: “Дадаҷон, шумо Султон Сулаймон ҳастед мегӯяд очаам, ин рост аст?”.
Зани сеюмаш, ки духтари хона буд ва бо Насим тасодуфан дар як маъракаи тӯй шинос шуда буданд, бисёр духтари доно, софдил буд. Вақте ки Насим ба ин духтарак ошиқ шуд, намедонист чӣ тавр бо фиребу найранг дили ӯро ёбаду зандориаш фош нагардад.
Насим дар синни 20-солагӣ бо духтараке ошиқӣ карда, никоҳ карданд ва соҳиби ду кӯдаки дустрӯ шуданд. Сипас модараш ӯро бо як духтараки ҳамдеҳаашон бо тӯю тамошо хонадор кард. Ин духтарак аслан ғайри як бародар дигар касе надошт. Бо як нигоҳ ба шавҳараш дил бохт. Насим зани якумашро талоқ дода, бо арӯсакаш зиндагиро оғоз кард. Ба хотираш намеомад, ки ду кӯдак дорад.
Ҳамсараш пайи ҳам духтар таваллуд мекард. Насим бо баҳонаи “ту писар намекунӣ” пинҳонӣ аз пайи зангирӣ шуд ва Шабнамро бо тӯй дар тарабхона маърака карда, ба хонаи иҷора гирифтааш бурд. Шабе, ки модарашро ба хостгорӣ ба хонаводаи Шабнам мебурд, зориҳо кард, ки “очаҷон, ба падару модари ин духтар ҳаргиз иқрор нашавед, ки ман зану 5 духтарча дорам. Гӯед, ки аз занаш бо ду кӯдак ҷудо шудааст. Агар инҳо фаҳманд, ки бо занам зиндагӣ дорам, дар ду дунё духтарашонро ба ман намедиҳанд. Илтимос, очаҷон, хоки поятон мешавам. Ба онҳо росташро нагӯед, ман ба Шабнам ошиқ шудаам”.
- Охир, бачам, ин корат хуб нест, дар ҳаётам дурӯғ нагуфтаам.
- Очаҷон, илтимос. Бе ин духтар ман мемирам.
Хуллас, хонаводаи Шабнам тамоман нафаҳмиданд, ки ин ҷавонмард соҳиби зану кӯдак аст. Онҳо фикр карданд, ки чанд сол пеш бо сабаби бадзабонии ҳамсар аз ӯ ҷудо шуда, айни замон муҷаррад аст.
Рӯзи тӯйро муайян карданд. Насим, ки худ тоҷир буд, ресторани гаронбаҳоеро фармоиш дод.
Бо Шабнам ақди никоҳи расмиро пешакӣ ба қайд гирифтанд, бо занҳои аввал загс надошт. Бо инаш загс, тӯю тамошо бо ҳама шукӯҳ баргузор гардид.
Шабнам ҳеҷ дар муносибати ҳамсараш ҳис намекард, ки ӯ зан дорад. Доимо шабҳо баъди кор дар хона буд. Аммо боре ба шубҳа афтод. Ҳамсараш бо шиму костюми сиёҳ ба кор рафту бо шиму костюми сафед ба хона баргашт.
Шабнам дар дилаш рашк пайдо шуда, пурсид:
- Мардак, чаро бо либоси сиёҳи дарзмол кардаам ба кор рафтеду бегоҳӣ бо либоси сафед омадед? Тинҷӣ-мӣ?Дар куҷо иваз кардед?
- Дар хонаи апаам будам, ӯ туҳфа кард ин шиму костюмро.
Ба хонаи апаи шавҳараш занг зада, Шабнам асли воқеаро пурсид. Апаи Насим ин дурӯғи додари ягонаашро тасдиқ кард.
Ин ҳодиса баъди шаш моҳи тӯй буд. Модари Насим фишори хунаш якбора баланд шуду сахт бемор гардид. Насим ба деҳа рафт, Шабнам ин ҳангом ҳомила буд. Зани дигари Насим низ дар шашум духтарчааш боз ҳомила буд.
Модари Насим дар беморхона вафот кард. Шабнам ин хабари нохушро фаҳмида, хост ба ҷанозаи хушдоманаш равад, аммо Насим ҷанҷол карда, бо телефон гуфт:
- Ту ҳомилӣ, боз аз хона набароӣ!
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН