Шаҳрванди Ҳиндустон дар давоми 20 сония 200 кирми лойхӯракро, ки дарозияшон 10 сантиметрро дар бар мегирад, фурӯ бурда, рекорд ба даст овард.
Маноҳарани 26-сола рекорди қаблии марди амрикоӣ Марк Хоггомро, ки дар муддати 30 сония 94 кирми лойхӯрак хӯрда буд, бекор кард. Барои ба чунин натиҷаҳо ноил гардидан, Маноҳаран дурудароз машқ кардааст.
Моҳе қабл дар яке аз чорабиниҳои шаҳри Куддалор ширкат варзида, дар муддати 30 сония 175 дона кирми лойхӯракро фурӯ бурда буд.