Sebiston new 2024 october
Марди бурҷаш ақраб шавҳари хуб мешавад ё ҷаллод?
1751

Ҷавонеро дӯст медорам, ки зери мучали ақраб ба дунё омадааст. Апаву янгаҳоям мегӯянд, ки одамони зери ин бурҷ ба дунё омада хислату хӯйи душвор доранд.

Ростӣ, ману ошиқам хеле кам бо ҳам вохӯрдаем ва ман ягон рафтори ношоистаи ӯро надидаам. Ба фикри шумо ақрабҳо нисбати занҳояшон сахтгир мешаванд?

Зайнура, ш. Хуҷанд

 Маслиҳат

Дар ҳақиқат афроди зери бурҷи ақраб ба дунё омада бадҷаҳл мешаванд, вале як хислати хубашон ҳамин аст, ки ҳамеша гапашонро дар рӯйи одам мегӯянд. Онҳо тамоми мушкилоти зиндагияшонро мустақилона ҳал карда, парвои нақшаву ниятҳои дигарон надоранд. Фикру ақидаи касеро ба эътибор намегиранд. Ҳамсафари ҳаётияшро ақраб худаш интихоб мекунад. Марде, ки зери бурҷи ақраб ба дунё омадааст, як умр танҳо монданро аз зиндагӣ бо занҳои тасодуфӣ болотар медонад. Барои ба дили ин мард роҳ ёфтан бояд ба ҳурмату эҳтироми ӯ сазовор гардед.

Тамоми мушкилиҳои зиндагиро ақраб оромона таҳаммул мекунад, зеро хуб медонад, ки ин мушкилиҳо муваққатӣ буда, поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Муноқиша карданро дӯст дорад ҳам, дар сурати ҳақ набуданаш аввалин шуда барои оштишавӣ кӯшиш мекунад. Ақраб меҳру муҳаббати худро ба атрофиён нишон намедиҳад, зеро инро кори ниҳоят шахсӣ ҳисоб мекунад. Мабодо корҳояш бебарор шаванд, ба дигарон ҳасад мебурдагӣ мешавад ва баъзан ҳасад ба ҳиси бадбинӣ мубаддал мегардад.

Мард-ақраб ба назар шахси оромтабиат ва бофаросат менамояд. Дар ҳалқаи одамони зиёд буданро дӯст намедорад. Ақраб, агар воқеан дӯст дорад, бонуи писандидаашро хушбахт карда метавонад, вале роҳ ёфтан ба дили ӯ кори саҳлу осон нест. Ақраб дар масъалаи интихоби модари фарзандонаш бисёр ҷиддист ва на ҳар занро қабул дорад. Мабодо хонуме ба ӯ писанд ояд, ақраб бо як нигоҳ мефаҳмонад, ки ӯ зан ва бо мард-ақраб ҳамсуҳбат аст, хусусан, агар зан ҷавону зебову дилкаш бошад, аз чанги гирои ақраб раҳоӣ ёфтанаш амри маҳол аст. Ба дили ҷавони зери ин бурҷ тавлидшуда роҳ ёфта бошед, мо шуморо сидқан муборакбод мегӯем. Маълум мешавад, ки ҳамчун зан дар ҳақиқат хеле аҷиб ва ҷолибу ҷозиб будаед. Як чизро дар ёд доред, одамони дар моҳи ноябр ва зери бурҷи ақраб ба дунё омада дар зиндагӣ серғайрат ва дар баробари ин, сахтгиру бадрашканд. Барои ин тоифаи мардон калимаи «не» вуҷуд надорад, онҳо барои ба мақсад расидан ба ҳама кор қодиранд. Ақраб метавонад мисли артист нақшҳои гуногунро бозад. Одатан мардони зери ин бурҷ тавлидшуда мисли магнит диққати бонувонро ба худ мекашанд. Занҳо ақрабҳоро бениҳоят дӯст медоранд, аммо ақраб танҳо зани дӯстдоштаи худашро рӯи даст бардошта, туҳфаборон мекунад.

Боз як хислати хуби ақрабҳо ҳамин аст, ки сирру асрори дигаронро ба касе ифшо намесозад. Ба онҳо ҳама сирру асрори худро бовар кардан мумкин аст. Ақраб аз он ки атрофиён дар борааш чӣ фикр доранд, парвое надорад, зеро ӯ худро аз ҳама боло мешуморад.

Мабодо бахт ба рӯятон хандаду ҳамсари ақраб шавед, кӯшиш намоед, ки ҳеҷ гоҳ барои рашки ӯро овардан ба қавли русҳо «повод» надиҳед. Ақраб рақибашро бисёр бераҳмона ҷазо медиҳад. Ақраби ошиқ тобу тоқати мағлубиятро надорад, бо ҳар роҳе, ки набошад, вай албатта дили духтари дӯстдоштаашро ба даст меорад. Мабодо духтар муҳаббати ӯро қабул накунад, ақраб сахт ба ғазаб меояд. Мағлубиятро ҳис карда, ақрабҳо тамоми чораҳоро барои комилан побанд намудани сайди зебову мағрур меандешанд, вале зоҳиран чунон бепарво менамоянд, ки гумон мекунӣ ин мард аслан парвои ту надорад. Марди зери бурҷи ақраб тавлидёфта қодир аст қалби духтарро дар оташи сӯзонаш сӯзонад. Ҷароҳати қалби шумо баъди захмӣ шудан аз чанголи ақраб мисли доғи захми дар оташ сӯхта бисёр дер шифо меёбад.

Бо вуҷуди пур аз меҳру муҳаббат будани қалбаш ақраб муҳаббаташро ҳеҷ гоҳ нишон намедиҳад. Метавонад дағалу бепарво бошад ва ҳатто истеҳзо намояд, вале дар танҳоӣ сабаби чунин рафторашро фаҳмонда, узр мепурсад.

Мардҳои дигар бо сабабу бе сабаб ба бонувон хушгӯӣ карданро дӯст доранд, ақрабҳо бошанд, танҳо дар сурати сазовор будани шумо ба суханпардозӣ медароянд.

Зан ё дӯстдоштаи ақраб шудан баробар шумо ба дарвозаҳои нозуктарини қалби ақраб ворид мегардед. Ақраб касеро бад бинад, тамоми умр бад мебинад, агар дӯст дорад, бо тамоми ҳастӣ дӯст хоҳад дошт.

Ақраб танҳо дар сурате шавҳари мушфиқу меҳрубон мегардад, ки ба ӯ эътимод дошта бошед ва ҳамеша бо андешаҳояш розӣ шавед. Тимсоли муҳаббати ақрабро танҳо дар китобҳо хондаву дар филмҳо дидан мумкин асту бас!

Ҳеҷ гоҳ рашкатонро ба ақраб нишон надиҳед. Фаромӯш накунед, ки сабаби ба ақрабҳо таваҷҷуҳи зиёд доштани мардум дилрабоӣ ва фатонати онҳост.

Зане, ки бо ақраб оила бунёд мекунад, бояд қоидаҳои зеринро риоя намояд:

Муҳаббати ӯро поймол насозад;

Аз боварияш набарояд;

Ба заифиҳои ӯ нахандад;

Аз мубошират нагурезад;

Ба ҳар гапаш гузашт кунад.

 

Ақраб худпараст аст ва барои чизе, ки ба ӯ тааллуқ дорад, то охир мубориза мебарад. Агар шумо моли ӯ бошед, ақраб ба марди дигар имкон намедиҳад, ки ҳатто сӯятон як нигоҳ кунад. Бо рашки ақраб ҳеҷ гоҳ шӯхӣ накунед. Бо вуҷуди зандорияш ақраб вафодор мондан ё намонданашро худаш ҳал мекунад, ҳатто дар пеши чашмонаш аз оташи рашк сӯхта, мурдаистода шумо ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро намефаҳмед. Ақраб занро бо осонӣ то ба гиря мерасонад, зеро ҷиҳатҳои заифи хислати бонувонро хеле хуб медонад. Дар сурати бо ҳам созиш накардан, аввалин шуда ақраб занро тарк мекунад.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД