Таманно ҳастам ва имрӯз дар кӯчаҳои қисмат сарсону овораам. Ба ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то роҳи наҷотро ба ман нишон диҳед. Ситораҳоямон бо шавҳарам мувофиқ наомаду бо духтарчаи думоҳа ба хонаи падарам баргаштам. Шавҳарам зани дигар гирифт. Ба тақдир тан додам, вале се сол пас шавҳарам боз ба ман занг заду пешниҳоди дубора издивоҷ намуданро кард. Розӣ шудам, чунки дӯсташ медоштам. Аз аҳли оилаашон пинҳонӣ вай маро боз ба никоҳаш дароварду аз ин пайванд фарзанди дуюмам ба дунё омад. Айни замон кӯдакам 4-моҳа шудааст ва акнун боз шавҳарам маро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузоштанист. Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Н.Д.