Илон Маск—тоҷири амрикоӣ ва асосгузори ширкатҳои Tesla ва SpaceX инсони бойтарини рӯйи дунё дониста шуд. Дар ин бора маҷаллаи Forbes хабар дода, дороии ин мардро ба андозаи $271,3 млрд арзёбӣ намудааст. Танҳо дар давоми як рӯз (25 октябр) боигарии Маск ба андозаи $41,7 млрд афзун гаштааст. Феълан даромад аз ҳисоби истеҳсоли электрокарҳо аз ҳудуди $1 трлн гузаштааст. Аҷибаш он аст, ки Илон Маск танҳо 21% аксияи ширкатро ба даст овардааст. Сабаби яку якбора боло рафтани аксияҳои ширкати мазкур дар он аст, ки қаблан ширкати Hertz ба ширкати Tesla барои харидорӣ намудани 100 ҳазор мошин дархост пешниҳод намудааст.