Мо дар оила чор писар ҳастем. Ду бародари калониям оиладоранд, вале ману додарам бо сабаби маоши кам гирифтанамон зангириро ба таъхир гузоштем. Намехоҳем, ки барои волидони бе ин ҳам пирамон дарди сари зиёдатӣ шавем. Чаро имрӯз духтарон домоди бой меҷӯянд?
Карим
Маслиҳат:
Қисми зиёди хонумҳои муосир таҳти таъсири барномаҳои телевизионӣ ва рӯзномаҳои хушсурат монда, зиндагиро афсона мепиндоранд. Аксари духтарон гумон мекунанд, ки ҳар яки онҳоро «шаҳзода дар мерседеси сафед» интизор аст. Баъди мутолиа намудани чунини маҷаллаҳои хушсурат ба назар чунин мерасад, ки ба дом афтонидани домоди пулдор ду карад ду аст. Мусаллам аст, ки бонувони дар пайи шикори домоди пулдор афтида ба ҷавонони бепул диққат намедиҳанд.
Шавҳар пуштибон аст?
Мушкилоти дигар дар он аст, ки ҳатто духтарони орзуи шавҳари сарватмандро надошта ҳам, дар симои мард қабл аз ҳама таъминкунандаи оиларо мебинанд, ҳол он ки дар кишварҳои Ғарб мардро ҳамчун таъмингар қабул намекунанд. Занҳои ғарбӣ баробари ба шавҳар баромадан ба ошпаз, фаррош ва пешхизмат мубаддал намегарданд. Дар Ғарб зану шавҳар баробарҳуқуқанд ва мушкилоти моддии рӯзгорро якҷоя рафъ месозанд. Мардҳо на танҳо ҳангоми таваллуд кардани занашон иштирок мекунанд, балки дар баробари зан дар нигоҳубини кӯдак заҳмат мекашанд. Бонувони ғарбӣ ҳеҷ гоҳ ба хотири киссаи пури шавҳар канизакиро ба гардан намегиранд.
Алббата, муносибатҳои заношавҳарӣ дар ҳар як кишвар хусусиятҳои худро дорад, вале дар китобҳои динӣ ҳам гуфта мешавад, ки мард бояд таъмингари оила бошаду дар нигоҳубини фарзандон ба завҷааш кӯмак расонад.
Марде, ки занро метарсонад
Албатта на ҳамаи бонувон шавҳари бой меҷӯянд. Аксарият ба хотири зиндагии осудаву ором ба ҳаёти хоксорона низ мутобиқ мегарданд. Танҳо аз як тоифаи мардон хонумҳо бо ҳарду пояшон мегурезанд-марди руҳан заифу нотавон. Марде, ки ҳамеша бечоранолӣ мекунад, ғаши занро меорад. Ягон бону намехоҳад риштаи тақдирашро бо марди сустирода ва ноуҳдабаро пайваста як умр азоб кашад.
Туҳфа не, муҳаббат қиммат аст
Духтари ақлаш солим бояд дарк карда тавонад, ки марди бепул барои харидани туҳфаҳои қиматбаҳо имкон надорад, вале мард пайваста аз бепулӣ нолида барои беҳтар намудани шароиташ кӯшиш накунад, оҳиста-оҳиста қадру қиматашро дар назди бонуи орзуҳояш гум мекунад. Новобаста аз сатҳи боигарӣ мард бояд барои арӯсаш пуштибон бошад. Аксаран барои хушбахтии оилавӣ на пули зиёд, балки мардонагиву хушмуомилагӣ, ба худ эътимод доштан ва дасту дили кушод доштани мард зарур аст.