Ба сари Ларс Вилкс, муаллифи шведии карекатураи паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с. с) фалокати бузурге омада, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гашт.
Тавре ки расонаҳои ҷаҳонӣ хабар медиҳанд, ҳодисаи мазкур бар асари бархӯрдани мошини Ларс Вилкс бо мошини боркаш сар задааст.
Ронандаи мошини боркаш дар натиҷаи ин садамаи хунин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, Ларс Вилкс ба ҳалокат расидааст. Бархурди мошинҳо начандон дур аз маҳалли аҳолинишин, дар Крунуберги ҷануби Шветсия рух додааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2012 нашрияи фаронсавии “Шерли Ҳебдо” карекатураҳои офаридаи Ларс Вилксро, ки дар онҳо паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С)-ро масхара карда буд, нашр намуд.
Ин тасвирҳои таҳқиромез ҷомеаи мусалмониро сахт ба шӯр оварданд. Гурӯҳе ҳатто ба идораи нашрия ҳамлаи мусаллаҳона намуда буданд ва бар асари задухӯрдҳо 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар байни кушташудагон кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ буданд.