Зиона Чана, марди 76-сола аз иёлоти Мизорами Ҳиндустон, ки оилааш калонтарин дар ҷаҳон буд, 13-уми июн бар асари бемории диабети қанд даргузаштааст.
Аз ӯ 38 зан, 89 фарзанд ва 33 набера боқӣ мондаанд. Оилаи Чана соли 2011 ба Китоби рекордҳои “Гиннес” ҳамчун калонтарин оила дар ҷаҳон дохил шуда буд. Хонаводаи ӯ танҳо дар як вақт 30 мурғ, 60 кг картошка ва 50 кг биринҷ истеъмол мекунанд. Чана корхонаи мебелсозӣ ва фермаи хукпарварӣ дошт ва ҳамроҳи зану фарзандонаш то дами марг кор мекард.