Сокини иёлоти Вирҷинияи Ғарбии Амрико бо исми Зэн Уайт ҷашни 100-солагиашро дар тарабхонаи «Макдоналдс» ҷашн гирифтааст. Ин марди дарозумр соли 1924 таваллуд шуда, солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ҳангоми дар хизмати аскарӣ қарор доштанаш бо таъмири радарҳо машғул буд.
Ҳангоми ба нафақа баромадан ба клуби ROMEO шомил гардид, ки номгӯи клуби мазкур ҳамчун ибораи «Нафақахӯрҳо-мизоҷони тарабхона” маънидод мегардад. Муддати 36 сол ин марди дарозумр ва дӯстонаш ҳар субҳ дар тарабхонаи «Макдоналдс» наҳорӣ кардаанд. Уайт иқрор шудааст, ки сабаби то 100 сол умр дидани худро намедонад, вале дар синни 100-солагӣ ҳам аз фастфуд дил канданӣ нест. «Муддати 36 сол аст, ки ман ба ин тарабхона меоям ва агар умр боқӣ бошад, омадан мегирам», — гуфтааст ӯ.