Як мардиветнамӣ аз рӯзе, ки худашро мешиносад, ба маснуоти заргарӣ дилбастагии хос дорад.
Дин ҳамин ки ба воя расид, харидорӣ намудани ҷавоҳироти тиллоиро сар кард. Баъди он ки дӯкони зудтайёри худро кушод, тиллопӯшиаш боиси беҳтар гаштани кори савдояш гардид. Бояд гуфт, дар давоми ин солҳо Дин ду маротиба ба доми ғоратгарон афтида, дафъаи якум дар мағозае пинҳон шудаасту дафъаи дуюм як занҷираи тиллояшро аз даст додааст. Дин ҳангоми сафарҳои берун аз шаҳрияш барои худ муҳофиз киро мекунад. Ӯ ҳамарӯза 5 кг тиллоро, ки аз 10 ангуштарӣ, 30 даспона ва ҳалқаву ҷавоҳироти зиёд иборат аст, дар дасту ангуштони пой пушида мегардад. Бояд қайд намуд, ки тамоми ҷавоҳироти ин мард аз тиллои холис иборат аст.