Марди ҷопонӣ бо номи сохтаи Токо 2 миллион йен (13 ҳазору 504 доллари ИМА) сарф карда, худро ба саг «табдил» дод.
Рӯзи аввали ба «сайругашт» баромадан, касе гумон намекард, ки саги зебое аз зоти колли ҳамагӣ як ниқоб асту марди ғайриодие зери он нақш меофарад.
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки ҳатто сагҳои дигар якбора бо ӯ унс гирифтаву ҳамроҳӣ карданаш мехостанд.
– Рӯи худро аз инсонҳое панаҳ мекунам, ки маро мешиносанд, зеро метарсам, ки ин амали маро дуруст дарк намекунанд,– мегӯяд Токо.
– Дар асл ман аз хурдӣ орзуи саг буданро доштам, ки танҳо имрӯз амалӣ шуд. Воқеан, ширкати ҷопонии «Zeppet» барои омода сохтани ниқоби колли 40 рӯз сарф намудааст.