formula55
МАРДЕ, КИ ДАР ШОХИ ДАРАХТ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД
784


Дар Покистон мардеро, ки аз маҷбурӣ дар болои дарахт зиндагӣ ихтиёр кардааст, Тарзан ном мебаранд. Ҳол он ки номи аслияш Фармон буда, баъди аз даст додани волидонаш бехонаву дар монду ҳатто нафаре аз хешовандон ӯро ба хонааш роҳ надод.

Мард ба қароре омад, ки дар болои дарахти воқеъ дар наздикии шаҳр зиндагӣ кунад. Фармони 28-сола бо мардикорӣ нони даҳонашро меёбад, зеро аксарият бар ивази меҳнаташ ба ӯ пул неву маҳсулоти хӯрокӣ медиҳанд.

Хонаи ӯ аз бамбук, чӯбу тахтаҳои куҳна ва матоъҳо сохта шуда, ҳамзамон, дар дохили он дастшӯяк, оташдони хурд, чароғак ва асбоби неругирӣ ҷойгир карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД