formula55
Марде, ки бо забонаш оташро хомӯш мекунад
621


Марди славянӣ Пухов Павол Дурдик дар муддати як дақиқа бо забонаш 62 дона чӯби гӯгирдро хомӯш намуда, бо ин дастоварди худ бори дигар вориди китоби рекордҳои Гиннес гардид.

Қаблан, моҳи феврали соли 2017 Павол 45 дона гӯгирди фурӯзонро хомӯш карда буду баъди ҳашт моҳ натиҷаи худро 14 адад зиёдтар намуд.

Ба ғайр аз бо забон хомӯш намудани оташи чӯби гӯгирд Павол дастовардҳои дигар низ дорад. Ӯ дар муддати 30 сония ба як пойи худ 28 ҷӯробро пушида метавонад ва соҳиби рекорди ҷаҳонӣ оиди фурӯзон ва хомӯш сохтани машъал гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД