Марде, ки бо дандон киштии 700-тоннагиро кашид
01.02.2026
Oila.tj
77

Варзишгари мисрӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг Ашраф Муҳаммад ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Ӯ тавонист бо дандонҳои худ киштиеро бо вазни умумии 700 тонна аз ҷояш ҷунбонад.

Дар ин бора агентии Report бо истинод ба рӯзномаи Al Khaleej хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, варзишгар киштиро дар соҳили шаҳри Хургада бо муваффақият кашидааст. Ин макон тасодуфӣ интихоб нашудааст: худи Муҳаммад исрор кардааст, ки рекорд маҳз дар Хургада гузошта шавад, то таваҷҷуҳи бештари сайёҳон ба ин минтақа ҷалб гардад.

Бо ин дастоварди худ Ашраф Муҳаммад рекорди қаблии варзишгари украинӣ Олег Скавишро шикаст. Скавиш қаблан киштии дорои зиёда аз 600 тонна вазнро бо дандонҳо ба масофаи беш аз 16 метр кашида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД