Oila.tj-ро бештар аз ҳама занон мехонанд, зеро аксари маводҳое, ки дар ин сомона пахш мешаванд, ба занон нигаронида шудаанд, вале мутаассифона на ҳама аз қиссаҳо ва маслиҳатҳо ибрат мегиранд.
Барои мисол, ҳамсояи мо қариб ҳар рӯз, вақте ки ҳамсараш аз кор меояд, бо ҳар баҳона бо мардаки бечора моҷаро мекунад. Ман ба пуртоқатии марди ҳамсоя қоил шудам, зеро аз саҳар то бегоҳ кор карда, боз то субҳи оянда варсоқии занашро гӯш мекунад. Боре дар ин бора бо ӯ боэҳтиёт ҳамсуҳбат шудам. Марди ҳамсоя бо табассум гуфт: “Медонед, ҷои мардҳое, ки ба зулми зан тоқат мекунанд, ҷаннат аст ва ман бо ҳамин умед дар ҷавоб чизе намегӯям. Агар ман ҳам бо ӯ баробар шавам, ӯ метавонад хоби шуморо ҳам парронад”.
Ростӣ, то ҳол намефаҳмам, ки ҳамсояам шӯхӣ кард ё ҷиддӣ гуфт. Аммо то кай ҳамсояи ман барин мардҳои бо амри тақдир бо зани ҷанҷолӣ хонадоршуда ба умеди ҷаннат ҳаёти худро талх мекунанд? Агар зан мебудам, ҳеҷ гоҳ бо падари фарзандони худ ҳатто як калимаи ноҷоро раво намедидам.
Занҳои муҳтарам, як хоҳиш: мардҳои худро эҳтиёт кунед ва ба асабашон зиёд нарасед, ки онҳо низ асаб доранд!
Х. М., н. Шоҳмансур, ш. Душанбе