Мишел Фаруи 40-сола сокини Сан-Паулу (Бразилия) ончунон ба холкӯбиву пирсинг дил бастааст, ки бо дидани симои даҳшатангези ӯ ҳар бинанда ба даҳшат меафтад. Ба ғайр аз холкубӣ ва пирсинг ин марди бразилиягӣ гӯшҳояшро ба гӯши саг монанд ва дандонҳояшро тез кардааст.
Мишел 25 сол қабл ба холкӯбӣ дил баста буд ва имрӯз ҳамчун рассоми холкӯб собиқаи калони корӣ дорад. Рӯзҳои наздик Мишел мехоҳад бо кӯмаки дандонпизишк ба дандонҳои худ қолаби оҳанин пӯшонида, симои худро боз ҳам даҳшатангез гардонад. Ифтихор аз он дорад, ки ӯро дар гирду атроф ҳама мешиносанд. Соҳиби зану фарзанд аст ва завҷааш ҳатто дар шуғли ғайриодияш ба ӯ кӯмак мерасонад.