Абу Абдуллоҳи 63-сола аз Арабистони саудӣ бо 53 зан издивоҷ намудаву ҷудо шудааст. Тавре мард гуфтааст, тамоми ин солҳо ӯ бонуи орзуҳои худро мекофтааст. Бонуеро, ки ба қалбу руҳаш оромиш оварад.
«Вақте бори аввал издивоҷ намудам, аз як зан зиёдтар гирифтанӣ набудам, зеро рӯзгорам хуб буду фарзанд доштам»,- нақл мекунад марди араб. Баъди чанд соли зиндагии муштарак дар зиндагии хонаводагияш мушкилиҳо сар задан гирифтанд ва Абдулло зани дуюм гирифт. Вақте бо зани дуюмаш ҳам созиш накард, пайи ҳам зан гирифтанро идома дод.
Ҳамин тавр, Абдуллоҳ муддати 43 сол занҳояшро иваз кардан гирифт. Баъди даҳсолаҳо зани орзуҳояшро пайдо намуда, алҳол бо як зан зиндагӣ дорад.