Арбоб Хизер Ҳайоти азимҷусса худро яке аз шахсони боқуввати сайёра ҳисобида, мехоҳад дар қувваозмоиҳои ҷаҳонӣ ширкат варзад ва унвони чемпионии ҷаҳонро соҳиб гардад.
Вазни Ҳайот 430 килограмм ва қадаш 190 сантиметр мебошад. Новобаста бо чунин вазн ӯ худро солим ҳис менамояд. Ҳар рӯз 36 дона тухм, 3 кило гӯшт ва 5 литр ширро дар наҳорӣ истеъмол мекунад, ки баробар аст ба 10.000 килокалория. Ҳайот дар айёми наврасиаш мубталои фарбеҳшавӣ гардидааст.
Ӯ дар чемпионати дар Ҷопон баргузор гардида, бештар аз 4500 кг вазнро бардошт. Дар Покистон Ҳайотро аллакай чемпион меҳисобанд.