Сергей Анатолевич Старостин, мудири кафедраи Донишгоҳи гуманитарии Русия (1953 - 2005) бо донистани забонҳои зиёд ҳамчун шахси нодир дар олам эътироф гардидааст.
Ӯ бо хоксорӣ арз кардааст, ки 100 забонро медонад, вале тавре зимни суҳбат маълум гардидааст, Сергей Анатолевич донандаи 400 забони дунёст. Ба гуфтаи Сергей, барои омӯхтани забон ба ӯ ҳамагӣ се ҳафта лозим буд.
Боре дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон чунин гуфтааст: “Шумо чанд забон медонед? бароям саволи аз ҳама мушкил аст, зеро ба он дақиқ ҷавоб додан имконнопазир аст. Ҳатто, 10 забонро ба як андоза донистан мумкин нест. Танҳо ҳамин қадар мегӯям, ки забони англисиро хуб медонам, зеро ҳамеша бо ин забон суҳбат мекунам”.