Дар Танзанияи Африқо марде бо номи Эрнесто Муинучи Капинга зиндагӣ мекунад, ки 16 зану 104 фарзанд ва 144 набера дорад. Аҳли ин оилаи калон як деҳаро пур кардаанд. Эрнесто ба ҳар як занаш хонаи алоҳида сохта додааст.
Эрнесто Муинучи Капинга бо16 зан ,104 фарзанд ва 144 наберааш дар як минтақаи васеъ зиндагӣ мекунад, ки ба як деҳаи алоҳида шабоҳат дорад. Бори аввал ӯ соли 1961 оиладор шуда буд,вале баъдан бо тавсияи падараш ин мард барои зиёдкардани наслашон боз 15 зани дигар гирифтааст.
Аксари мардон дар шароити имрӯза ҳатто як оиларо таъмин карда наметавонанд, аммо Эрнесто Капингаи африқоӣ барои ҳамаи 16 нафар занҳояш хонаҳои аҳолида сохта додааст. Аҳли ин оилаи калон бо кишоварзӣ машғул шуда, зиндагии худро аз фурӯши офтобпараст, ҳар хел донагиҳо ва банан пеш мебаранд.
Одатан вақте як мард чанд зан мегирад, байни ҳамсаронаш аз рашк тез-тез ҷангу ҷанҷол сар мезанад, вале аҷибаш он аст, ки занҳои Эрнесто Муинучи Капинга мисли апаю хоҳар тифоқона умр ба сар мебаранд ва фарзандону наберагонашонро бо маслиҳату машварати ҳамдигар тарбият мекунанд.
Ягона мушкили марди 16-зана он аст, ки номи ҳамаи фарзандон ва набераҳояшро дар хотир дошта наметавонад. Эрнесто иқрор шудааст, ки танҳо номи 50 нафар аҳли оилаашро медонаду халос, дигаронро бошад, аз рӯйи қиёфаашон мешиносад.