Дар дунё мардони занҷаллоб бисёранд, вале ашаддитаринашон Ҷованни Виглиотто мебошад, ки 105 занро ба домаш афканда, бо ҳар яки онҳо издивоҷ намудааст.
Ин марди қаллоб бо ҳар як зан ҳамагӣ як моҳ зиндагӣ карда, бо макру ҳилла пулу моли занро аз худ намуда, ба ҷустуҷӯйи сайди дигар меафтодааст.
Сирри ин марди занҷаллоб танҳо баъди он ки зани 105-умашро ғорат карда, ба дасти пулис афтид, фош гаштааст. Ҷовани хонаи зани охиринашро фурӯхта, пулҳоро гирифта мегурезад, вале зан дарҳол ба пулис муроҷиат мекунад ва марди қаллоб ба чанг афтида, 34 сол аз озодӣ маҳрум мегардад. Оқибат ин марди занбоз дар кунҷи маҳбас дар танҳоӣ ҷон додааст.