Formula july 2024
Марде, ки 105 зан гирифтааст
12.05.2024
ОИЛА.ТҶ
804

Ҷованни Виглиотто - марди занҷаллоб ва қаллобест, ки 87 маротиба насаби худро иваз карда, бо 105 зан издивоҷ намудааст.

Баъди он ки пулу моли занҳояшонро аз худ намуд, бо як зан ҳамагӣ 1 моҳ зиндагӣ карда, баъдан батамом гум мешудааст. Тааҷҷубовараш ҳамин аст, ки ягон зани Ҷованни ба пулис муроҷиат накарда буд.

Танҳо баъди он ки ду зани охирашро ғорат кард, мард ба дасти пулис афтид. Вақте ки яке аз занҳои охиринаш хонаашро мефурӯшад, Ҷованӣ пулҳоро гирифта мегурезад. Зани охиринаш низ хонаву дарашро фурӯхта, дигар на пулҳояшро меёбаду на шавҳарашро.

Билохира, марди занҷаллоб барои қаллобӣ 34 сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар маҳбас вафот кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД