Sebiston new 2024 october
МАРД ЗАНАШРО ДАР ҚИМОР БОЙ ДОД....
19.02.2021
Р. Азимӣ
5676


Тамоми динҳои олам қиморбозиро маҳкум менамоянд, зеро қимор метавонад ба сари кас балову офатҳои зиёдеро оварад. Ҳодисае, ки ба сари як марди ҳинду омадааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Ишқи қиморбозӣ ин марди ҳиндуро натанҳо аз пулу мол маҳрум намуд, балки оилаи ободашро низ вайрон кард. Самир аз хурдсолӣ ба қиморбозӣ шавқу завқи зиёде дошт ва баъди хонадор шудан низ аз ин одати бади худ даст накашид. Аввалҳо ӯ ҳамеша бурд мекард, аммо як рӯзи наҳс тамоми дороияшро дар қимор бой дод. Ин марди беандеша баъди чунин бохти бузург низ таслим нашуда, ҳамсарашро дар қимор гузошт. Вақте ки мард занашро бой дод, фиғонаш ба фалак печид, аммо кор аз кор гузашта, дигар ягон роҳи бозгашт набуд. Самир маҷбур шуд, ки ҳамсари нозанинашро ба рақибаш бубахшад, аммо зан ба хонаи волидонаш фирор намуда, ба пулис арз кард.

Айни замон аз рӯйи ин ҳодиса парвадаи ҷиноӣ оғоз ёфта, қиморбозн барои ин рафтори разионаи худ ба маҳкама кашида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД