Sebiston new 2024 october
Маоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия баланд шуд
883

Музди меҳнати сохтмончиён ва дигар муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия ба ҳайси бастабанд, боркаш, хаткашон кору фаъолият менамоянд, нисбат ба солҳои пешин қариб ду баробар баланд шудааст. Дар ин бора URA.RU дар такя ба маълумотҳои платформаи «Мигрант Сервис» хабар додааст.

«Тибқи мушоҳидаи мо дар бадали ду соли охир музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар шаҳрҳои Россия бо корҳои сохтмонӣ машғуланд ё ба сифати бастабанд (упаковщик), боркаш (грузчик), нонпаз кор мекунанд, хеле баланд шудааст. Танҳо дар соли 2023 маоши ин табақа нисбат ба як соли пеш 30% зиёд шуд. Ба таври мисол шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия корҳои гуногунро (разнорабочие) анҷом доданд, қаблан 50-70 ҳазор рубл мегирифтанд, вале дар ду соли охир музди меҳнати онҳо хеле баланд гашта, то ба 140 ҳазор рубл расидааст. Маоши хаткашонҳо бошад, аз 75 ҳазор рубл то ба 130 ҳазор рубл боло бурда шудааст”,- навиштааст манбаъ дар такя ба факту рақамҳои пешниҳодкардаи «Мигрант Сервис».

Ба иттилои ин платформа имрӯз хаткашонҳо дар Русия аз 80 то 120 ҳазор рубл маош мегиранд. Расонаҳои русӣ менависанд, ки яке аз сабабҳои асосии новобаста ба ҳодисаҳои нохуши охир то ба ҳол Федератсияи Россияро интихоб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз баланд шудани музди меҳнат мебошад. Сабаби дигари аз Россия ҳеҷ дил канда натавонистани муҳоҷирон ин имконияти ба осонӣ шартномаи меҳнатӣ баста, соҳиби ҷойи кор шудан мебошад. Боз як бартарии дигари Россия дар он аст, ки баъзе корфармоёни рус патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии муҳоҷирони меҳнатиро худашон ба расмият дароварда, муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷойи хоб ва хурду хӯрок таъмин менамоянд.

Аммо таъкид шудааст, ки музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия баланд гашта бошад ҳам, муҳоҷирони меҳнатӣ барои боло рафтан дар зинаҳои касбӣ (карьерний рост) имконияти камтар доранд, яъне ҳамагӣ 30%.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД