Дар ҷустуҷӯйи ёр
Баъди ҳамон вохӯрии лаби чашма дигар Марямро надидам ва як рӯз бо баҳонаи харидани пойафзол ба маркази ноҳия роҳ пеш гирифтам ва кофта-кофта назди дарвозаи бародари ӯ Аҳтамшо қарор гирифтам. Дар гӯшаяке нишаста чашм аз дарвоза намекандам, ҳамин вақт Марям дасти писарчаи чор-панҷ солае дар дасташ берун баромад. Ман аз қафои онҳо хеле роҳ гашта баъд баонҳо наздик шуда гуфтам:
- Салом Марям. Марям хавотир ба атроф нигариста гуфт:-Ту кӣ чаро ба ман салом медиҳӣ? Аз то баногуш сурх шудани Марям фаҳмидам, ки ӯ маро шинохтаасту худро ба нодонӣ мезанад, вале қиссаи ишқи худоро то ба охир ба вай гуфтам…
Марям бо сари хам қиссаи маро гӯш карду гуфт:
- Ҳар рӯз аз қафои ман поидану аз ишқ сухан гуфтанро ба гӯшаи хотират набиёр, зеро ман ба обурӯйи падару бародаронам бозӣ каданӣ нестам. Баъд ман нав дар синфи ёздаҳ мехонам, ҳоло шавҳарҳам карданӣ нестам…
Марямҷон, ту фақат бидон, ки ман туро дӯст медорам, ҳамин кофист, дигар он тарафаш кори ман. Илтимос бо каси дигар аз ишқ сухан нагӯ, зеро ман бе ту мемирам, Марям ким-чӣ хел ман нигаристу зуд-зуд қадам монда дур шуд. Ман қаноатманду масрур ба сӯйи деҳа роҳакӣ шудам ва дар дил аҳд кардам, ки сарамро медиҳаму домани марямро сар намедиҳам…
Орзуҳои ботил
Дар кишвар оҳиста-оҳиста вазъият тинҷ шудан гирифту ман ҳамон тобистон ба шуъбаи ғоибонаи донигоҳи омӯзгории маркази вилоятамон дохил шудам. Дар ноҳия кадрҳои омӯзгорӣ намерасиданду ман дар матаби деҳаамон ба ҳайи муаллими фанҳои риёзӣ ба кор шурӯъ кардам. Ду бародарам, ки аз Душанбе гуреза шуда омада буданд ба хонаҳои худашон баргаштанд, бародару хоҳарони дигарам пушти зиндагии хеш овора буданд. Дар ҳавлии падари ману падару модарам ва як бародарам бо зану фарзандонаш зиндагӣ мекарданд, ин бародарам низ алаккай сохтумони хонаашро ба охир расонида буду интизори зан гирифтани ман буд…
Ман баъди ду моҳи корӣ аз падарам хоҳиш кардам, ки ба хонаи амаки Амон хостгорӣ равад, зеро ман Марямро дӯст медорам. Падарам аз ишқи ман огаҳӣ дошт, вале кӣ будани дӯстдоштаамро намедонист, чун огаҳ шуд бо ханда гуфт:
- Духтар розӣ ҳаст?
Ман бо боварӣ гуфтиам:
- Ман ҳамагӣ як бор бо Марям вохӯрда дарди диламро гуфта будам, ба гумонам ӯ фаҳмид…
Аслан ман ба падарам дурӯғ гуфтам, зеро дар як моҳ як ё ду бор ба маркази ноҳия рафта аз дур ҳам бошад Марямро медидам ӯ низ бо табассуми ширин нигоҳҳои ташнаю пазмони маро об медод, аммо бе сухан…
Падарам худи ҳамон бегоҳ ба хонаи амаки Амон хостгорӣ рафта аз он ҷо хафаву малул баргашт. Чу ман сабаб пурсидам гуфт:
- Амон мегӯяд, ки ханӯз дар синфи ҳаштумияш Марямро ба духтари як ҳамсабақам номзад карда будем. Акнун ӯро дар вилоятамон раис монданду мехоҳад як моҳ пас тӯйи арӯсии фарзандонамонро баргузор намояд. Маро аз шиддати ғазаб хун ба сарам зада буд аз падарам пурсидам, ҳамсабақаш кист? Амон донишгоҳи аграриро хатм кардааст ва раиси нави вилоят ҳамсабақаш будааст…
(Давом дорад)
Маҷнуни зиндонӣ
Таҳияи Нисо Холид