Formula 2025 may
Маҷнуни зиндонӣ (ҚИСМИ 1)
1322

Хонадони зиёӣ

Дар деҳаи дурдасти кӯҳистон дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам, оилаи мо серфарзанд бошад ҳам намунавӣ ва соҳибмаърифат буд. Падари омӯзгорам, ки чароғи равшани зиё дар ин диёри дур буд на танҳо мо, балки тамоми шогирдонашонро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Дар хонадони мо ҳамеша маҳфили шеъру суруд, зарофату ҳазлу ханда гардон буд. Деҳаи зебоманзари мо хурд бошад ҳам аз он шоири маъруф ва чанд нафар ҳофизони машҳур баромада буданд, ки ҳангоми ба деҳаи бобоӣ омадан албатта аз падари ман хабар мегирифтанд ва ба хонадони мо меҳмон мешуданд. Аз даҳ фарзанди падар ҳамагон пайи ҳам ба мактабҳои олии дохилу хориҷ шомил шуданд, вале чун навбати ману хоҳари хурдиям омад оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Падару модарам ноилоҷ хоҳарамро ба шавҳар доданду маро гуфтанд, ки то тинҷ шудани вазъият қадаматро аз деҳ берун намемонӣ...

Ишқи аввал

Ман ба умеди рӯзи нек ба корҳои хонаводагиямон ёрӣ мерасонидаму Худоро зора мекардам, ки вазъи кишвар хуб гардаду ман низ мисли бародару апаҳоям хонда соҳиби диплом гашта роҳу равиши худро дар зиндагӣ биёбам. Дар деҳаи мо баҳор хеле дер фаро мерасад, аммо бо фаро расиданаш замину замон он қадар зебову дилоро мегарданд, ки ба тасвираш ман оҷизам. Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон ҳамроҳи падарам ба боғамон рафтем то бехи ниҳолҳоро нарм карда шоху навдаҳои хушкро зада тоза намоем. Падару писар бо таъби болида хеле кор кардем, дар боғи ҳамсоя марду зан ва духтараки қоматбаланди зебое ба кор машғул буданд. Ин мард ҳамдеҳаи мо амаки Амон буд, ки хонааш дар поёни деҳа воқеъ буд, занашро низ мешинохтам, аммо духтарро бори аввал медидам. Бо фаро расидани нисфирӯзӣ модарам дар табақи калон фатирмаска тайёр карда оварданду падарам аз ҳамон дурӣ амаки Амонро ҷеғ заданд то омада ҳамоҳи мо фатирмаска хӯранд. Амаки Амон миёнбандашро аз миёнаш кушода бо он арақи сару рӯяшро тоза карда ба назди падарам омада бо мо гарм вохӯрӣ намуда гуфт:

- Муаллим, мо алаккай хӯрокамонро хӯрда шудем, вале падарам ҷойи фатирмаска дигар аст гӯён ҳамдеҳаамонро ба зур сари дастархон шинонд. Мо сари дастархон нишастему модарам дуртар ба корҳои сабук машғул шуд, вале падарам инро бурда ба ҷияну янга деҳ гӯён болои фатире фатирмаска монда ба ман дароз кард. Ман ба даркор набуди амаки Амон нигоҳ накарда дав-давон бурда хӯрокро ба дасти ҳамон зан додам ва чашмонам ба чашмони фаттони духатараки ҳамроҳаш афтода дилам дар синаам чун мурғаки нимбисмил дар пар-пар задан даромад…

Духтари баҷойӣ

Дар сари дастурхон аз забони амаки Амон фаҳмидам, ки духтараш Марям дар маркази ноҳия ҳамроҳи акаи калонияш зиндагӣ мекардааст. Писарам духтур аст, баъзе шабҳо навбатдор меистад, баъзе шабҳои дигар ӯро ба деҳаҳои дурдаст мебаранд, келин бо кӯдакони хӯрд натарсад гӯён ҳамин Марямакро аз хӯрдӣ ба онҳо додем. Ману занак бо писару келини хурдӣ ва ду духтарчаи дигар дар деҳаем, Аҳтамшоро ба маҷлисе ба маркази ноҳия даъват карданду келин ба хонаи мо омадаанд-амаки Амон ин ҳамаро ба падарам нақл карда барои фатирмаска раҳмат гуфтанду боз аз пайи корашон шуданд, аммо дили аз дунболи духтари баҷойии амаки Амон рафту дигар барнагашт…

Як ҳафта мисли шахси афсуншуда поёни деҳа мерафтаму меомадам, ба нуздаҳ қадам онда то ҳол чунин тағиротро дар вуҷуду рӯҳам эҳсос накарда будам, ҳарчанд ҷавони зебо будаму духтарони зиёде бо чашми харидорӣ ба сӯям менигаристанд. Рӯзи нӯҳум ё даҳуми рафту омадам буд, ки дар назди чашмаи деҳа Марямо танҳо вохӯрдам, ки ба сатилҳояш об пур мекард. Духтар дар тан кӯртаи оддии чити сафеди пар-пар гиребон дошту мӯйи сиёҳи то хами зонуяш мерасида якта бофта дар пушташ партофта буд, рӯймолаки зарҳалии секунҷа бастаи ӯ он қадар ба чеҳари зебояш мезебид, ки чашм аз диданаш сер намегашт. Он рӯз натавонистам назди Марям рафта изҳори ишқ кунам…

(Давом дорад)

Маҷнуни зиндонӣ

Таҳияи Нисо Холид    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД