Lmarka 2025
Ман қотилам, мардум… (ҚИСМИ 2)
1946

Сафина ҳамагӣ се рўз бо ман кор карду сипас, аз пайи ташвишҳои тўяш овора шуда рафт ва ман мондаму хизмати раиси як корхонаи калон.

Росташро гўям, корам ба ман маъқул буд, маошаш ҳам бад набудааст, боз корафтодаҳо ба ҷону ҳолам намонда, ба ман шоколад, гул, ё байни ҳуҷҷатҳои барои имзо овардаашон пул низ мемонданд. Сафина чӣ гуна қабул кардани ин гуна туҳфаҳоро низ ба ман ёд дода буд. Ҳамааш то он даме олӣ буд, ки…

Маҷнуни пир

Як рўз то дер кор кардам, ҳуҷҷатҳои муҳимеро чоп карда мондан даркор буд, раис низ дар ҳуҷраи корияш менишаст. Занги муроҷиат садо доду Азизӣ маро наздаш хонд. Лаббай гўён, наздаш даромадам. Ӯ гуфт:

- Суҳайлоҷон, бароям як қаҳва тайёр кун, ба толори варзиш рафтаниям, каме кӯфтагии имрўза барояд.

Чун қаҳваро тайёр карда, назди раис даромадам, ў нимбараҳна миёни ҳуҷраи корияш рост меистод, аниқтараш шалвори варзишӣ дошту халос. Ман бори аввал бадани бараҳнаи мардро медидам, намедонам чӣ хел ба бозувони оҳанину машқдидаи раис нигоҳ кардам, ки ў қаҳваро аз дастам гирифта, ба рўйи миз монду маро дар ҳалқаи бозувонаш гирифт…

Он рўз раис ба толори варзишӣ нарафт, зеро мо то дер дар ҳуҷраи кории ў будем. Ҳамин тавр ишқварзии ман бо марди аз худам сӣ сол калон оғоз ёфт… Мане, ки то ин дам дастамро ҷавоне надошта буд, ба оғўши ошиқи пирам чунон хў гирифта будам, ки мавриди муносиб ёфта, худам ба канораш медавидам. Азизӣ хонаи пиразани русро, ки ман он ҷо иҷора менишастам, бо тамоми санъаташ таъмир кард, акнун шабҳое дилаш мехост, пешам меомад. Кампирак бо хўрокҳои лазизу либосҳои гарме, ки ман барояш меовардам, қаноат мекарду аз ман иҷорапулӣ ҳам талаб намекард. Ошиқам бароям туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим менамуд, вале барои ошкор нашудани муносибатҳоямон маро дар корхонаи як рафиқаш ба кор монд. Акнун ман ўро ду-се рўз пас медидам, вале ў ҳамоно меҳрубону сахӣ буд. Ман аз чизе камбудӣ надоштам, чӣ тавре, ки орзуям буд, мехўрдаму мепўшидам, кабӯтари озоде будам, ки ба майли дилам дар фазои орзуҳоям пар мезадаму пар мезадам. Азим низ, маро зиёд дўст медошту ҳамроҳаш ба осоишгоҳҳои беҳтарини дохилу хориҷ мебурд. Мисли лӯхтакча ороям медоду аз тамошоям сер намешуд. Ба падараму пайвандонам ёрӣ медодам, онҳо аз ман миннатдор буданду гумон мекарданд, ки ҳоло ҳам ман ҳамон духтараки покдоману ҷиддӣ ҳастам. Онҳо аз куҷо медонистанд, ки ман аллаккай зан ҳастаму бо марди ҳамсоли падарам зиндагии якҷоя дорам. Аммо ин ҳама заррае пинаки маро вайрон намекард, зиндагиям бо кабӯтари дубомаам ба ман маъқул буд.

(Давом дорад)

СУҲАЙЛО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД