«Разведка»
Вақте Аслам ба хона намеомад, писаракам шод мешуд, зеро аз дағалиҳою суханҳои бадбӯйи падар ба ҷон омада буд. Ман як рӯз соатҳои панҷ писарамро дар хонаи ҳамсоя монда, ҷойи кори Аслам рафтам ва аз пушти ӯ поида-поида, дидам, ки ӯ ба кадом бино медарояд. Рӯзи дигар субҳи барвақт ба ҳамон бино рафта, тавакаллан дар ошёнаи якум занги дареро зер кардам, соҳибхона бо ман бо чеҳраи кушод саломуалейк карда, мақсадамро пурсид. Ман ба ӯ саргузаштамро нақл карда гуфтам, ки ман бо касе ҷангу ҷанҷол карданӣ нестам, фақат мехоҳам гуноҳи шавҳарамро исбот карда, аз ӯ ҷудо шавам. Зан ба ман синчакорона нигариста гуфт:
-Зарина аз шавҳари аввалаш ҷудо шуда, як духтарча дорад, бо падараш зиндагӣ мекунад, модараш ҷавон аз дунё гузашт ва падараш ба хотири Зарина дигар зан нагирифт. То пайдо шудани ҳамин марди қадбаланд, яъне шавҳари ту бадгардӣ мекард, вале як сол боз хонашин аст. Дигар чизе бароят гуфта наметавонам.
Ман ба хона баргаштам, шояд то ҳол Аслами бадгуҳарро дӯст медоштам, ки то рӯз гиристам. Рӯзи саввум Аслам пайдо шуд, ким-чӣ хел ором буд, бо писарчаам то дер бозӣ кард, аммо шаб мисли ҳарвақта дар меҳмонхона хобид, на бо ман. Зани безеб нестам, қаду қомати мавзун, чашму абрӯвони дилрабо дораму ҳунармандам, пас чаро ҳамсарам аз ман ношукрӣ мекунад? Андешаҳои зиёд дар сар хобам ҳаром шуд.
Рақиба
Пас аз ҳамин рӯз Аслам боз як ҳафтаи дигар гум шуд ва ман дигар тоқат накардаму як субҳи барвақт ба хонаи маъшуқаи шавҳарам рафтам. Дарро ба рӯям ҷавонзани сиёҳаки пастқомате кушод, ки дасташ дар дасти духтарчаи тахминан чор-панҷсола буд. Аввалин саволе, ки барқвор дар майнаам зад, ҳамин буд:-Шавҳари ман дар ҳамин бадрӯ чӣ ёфта бошад?!
Ҷавонзан саволомез ба ман нигарист, ман бе саломуалейк ӯро тела дода, ба хона даромадаму гуфтам:
-Ман зани Аслам ҳастам, ҳамон марде, ки ҳафтаҳо бо туст ва аз ҳоли ман зани ҳалолашу писари ягонааш хабар намегирад,-ҷавонзан аз ин «муаррифи»-и ман заррае пинакаш ҳам нахӯрду гуфт:- Хайр шавҳаратро маҳкам медоштӣ, ман ӯро маҷбур накардаам, ки ҳафтаҳо бо ман монда, назди ту наравад. Ман аз ин оромии рақибам оташ гирифтаму фикри кӯдаки майдаашро накарда, ба ӯ дарафтодаам. Ҳамин вақт аз хонаи шафат марди тоссари харобаке берун шуда, моро халос карду ба рӯйи ҷавонзан чанд шаппотӣ фароварда фарёд зад:
-О ту гуфта будӣ, ки инаш зан надорад ку?! Манҷалақӣ мисли модарат баромадӣ, ҳамин қадар шармандагӣ бароям бас набуд, ки боз сари пириҳо шармандаам мекунӣ?! Ман фаҳмидам, ки тоссар падари ҷавонзан аст ва ҷавонзанро сар дода, ҳақорати дунёро ба сари ӯ рехтам. Бо духтари тарбия кардаашу аз хона берун шудам.
Ман қотилам…
Ҳамон бегоҳ дар хона мунтазири Аслам нишастам, бовар доштам, ки ӯ баъди ин воқеа ба хона меояд ва маро зери мушту лагат мегирад. Ман низ тайёрӣ дида будам. Вале ҳамон бегоҳ дар шаҳр воқеаи кушта шудани духтаре аз дасти падараш барқвор паҳн шуд, дар тамоми расонаҳои хабарӣ ин ҳодисаи мудҳишро мегуфтанд. Баъдтар фаҳмидам, ки маъшуқаи Асламро падараш баъди ҳамон ҷанҷоли мо корд задаасту ӯ ҳалок шудааст.
Падари рақибамро ба муҳлати зиёд зиндон карданд, тақдири духтарчааш чӣ шуд, намедонам. Аслам баъди ин ҳодиса тамоман парешону гаранг мегашт, намедонам аз рафтани ман ба хонаи маъшуқааш хабар дошт ё не, аммо чизе намегуфт. Пас аз ду соли ин ҳодиса шавҳарам ба бемории саратони ҷигар печида, аз олам гузашт, зеро бисёр менӯшид. Аз ин байн бист сол гузашт, имрӯз ман зани хушбахтам, писарам дар вазифаи баланди давлатӣ кор мекунад.Соҳиби зану фарзанд, хонаву дар ва сарвату давлат аст. Худам хонаи Худоро зиёрат карда баргаштам, ҳамеша садақа мекунаму ѓамшарики хешу бегона ҳастам, вале як гӯшаи дилам ҳамеша сиёҳ аст. Охир, бо айби ман як зан аз ҳаёт маҳрум, як мард аз озодӣ ва як кӯдак аз хушиҳои зиндагӣ…Дилам пора-пора мешавад…
Чӣ бояд кард? Эй мардум маслиҳатам диҳед.
Шаҳзодахон
Таснифи Рухсора Саид