Ман фидои ишқи покам! (ҚИСМИ 2)
439

Рафта-рафта ман ҳам ба ҷамоли зебояш ошиқ шудам ва волидонам ҳам аз ин огоҳ шуданд. Бо ҳазор дарду ранҷу азоб ба онҳо фаҳмонидам. Мо ҳам мисли Лайливу Маҷнун ва Фарҳоду Ширин ошиқи якдигар шудем. Тақдир ба мо мисли Лайливу Маҷнун номардӣ накард. Моро ба висоли ҳам расонд. Волидонам, бародаронам қатъӣ будани қарори бобоятро дарк карда, маро ба ӯ ба шавҳар доданд...

То розӣ шудани волидонам ҳар рӯз бобоят назди дарамон меомад. Хостгоронаш аз омадан дари хонаамонро охӯрча карда буданд. Билохира мо бо ҳам тӯй кардем. Ҳарчанд тӯямон хоксоронаву камбизоатона буд, аммо шукӯҳу шаҳомати хосе дошт. 

- Достони ишқи ману бобоятро хурду калони маҳалла медонистанд. Бобоят то маро келин кардан азоби зиёд кашидааст. Баъдан чӣ азобу ранҷҳои кашидаашро ба ман нақл карда буд. Аз ин тӯйи мо пиру барно хурсанду хушҳол буданд.

Шод шуданд, ки ҷавони ошиқ ба ишқи покаш расид. Аслан набояд монеи ишқи пок шуд. Зеро оилае, ки аз ишқ бунёд меёбад, мустаҳкаму устувор аст,- ба як нуқта дида дӯхта, мегуфт кампир.

Сардор миёни гапро шикаста, суол дод:

- Бибиҷон, замони шумо ҳам ишқу ошиқӣ буд?

- Ишқу ошиқӣ аз замонҳои қадим ҳаст. Агар намебуд, достони Лайливу Маҷнун, Юсуфу Зулайхо, Фарҳоду Ширин ва даҳҳои дигар чӣ гуна пайдо мешуд? Лекин дар замонҳои мо ишқу муҳаббату дӯстдорӣ он тараф истад, ҳатто бо ҳамдигар вохӯрдани тӯйшавандаҳо пеш аз тӯй номумкин буд. Аҳён-аҳён ду ҷавон ба ҳам дил дода, оила барпо мекарданд. Падару модар ё бузургсолони оила ба хостгорӣ мерафтанду фотиҳа карда меомаданд. Боз ҳамин оилаҳо устувору мустаҳкам буд. Пас аз тӯй навхонадорон бо ҳамдигар шинос шуда, барои пайванди хати пешонӣ ба Худованд шукргузорӣ мекарданд. Ҳамдигарро дӯст дошта, оиларо эҳтиром мекарданд. Мо ҷудошавии оилаҳоро кам андар кам медидем. Азизу муқаддас будани оиларо аз хурдӣ ба мо талқин мекарданд. Дӯст дошта оила барпо кардани ману бобоят то андозае ба дигар ҷавонон улгу бахшид.

Хулоса, ман ба хонаи бобоят шавҳар карда омадам. Маро хусуру хушдоманам чун фарзанд қабул карданд. Азбаски бобоят яккаписар буд, онҳо шод шуданд, ки соҳиби духтаре ҳам гаштаанд.

Ҳама аз ба висоли ҳам расидани мо хушҳол шуда буданд. Ҳатто баъзеҳо "Шумо Лайливу Маҷнуни сонӣ, ки ба ишқи поки ҳам расидаед", "Шумоёнро мебинаму Фарҳоду Ширин пеши назарам намоён мешавад", "Шумо Лайливу Маҷнуне, ки аз нав тавлид ёфтаед" мегуфтанд бо хушнудӣ. Дар симо ҳам, дар хулқу рафтору кирдор ҳам мо ба ҳам монанд будем...

Хушбахту хушҳолу болидарӯҳ дар канори ҳам мезистем. Худованд ба мо иноят кард. Аз лутфу карами хеш бароямон фарзанде ато кард. Келини семоҳа будам, ки ҳомила шудам. Хурсандии мо ҳадду канор надошт, то замоне, ки ҷанги хонумонсӯзи бузурги ватанӣ оғоз ёфт...

- Бобоям ба ҷанг рафтанд?

- Бале, бобоят ба ҷанг рафт. Ҳама ҷавононро барои ҳимояи марзу буми ватан сафарбар карда буданд. Замоне, ки бобоят ба ҷанг рафт, ман келинчаки шашмоҳа будам. Ҳанӯз тӯру туппиям аз сарам наафтода буд. Занҳо ҳам дар ақибгоҳ хизмат мекарданд. Ҳунармандон бо ҳунарашон машғул мешуданду кишоварзон бо деҳқонияшон ба фронт кумак мекарданд...

Ману бобоят бо ҳамдигар хайрухуш кардем. Ваъда доданд, ки сиҳату саломат бармегарданд. Ҳамарӯза ҳушу ёдам ба бобоят банд буд. Шабҳо хоб медидам, ки гарму сард яроқ ба даст баҳри дифои меҳан меҷангад. Рӯзе хоб дидам, ки дар тан либосҳои сап-сафед, чун кабӯтар сӯйи осмон парвоз дорад. Ҳарчанд медавам, ба ӯ намерасам. Ӯ табассум мекунаду механдад. Аз либосҳояш, аз чеҳрааш нур меборад...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД