- Ассалому алайкум, бибиҷони ширинам. Шоматон ба хайр бошад,- Сардор чун одати ҳарвақта бибияшро ҳолпурсӣ карду аз рухсораҳои нуронии холаи Зулайхо бӯсид. Ӯро сахт оғӯш гирифта, оҳи чуқур кашид. Кампир ҳам дар навбати худ аз пешонии наберааш бӯсида, алайк гирифт.
- Сардорҷони бибиш, қандили тобони бибиш, ёдгори ягонаи бибиш,- гуён навозиш карду афзуд:
- Чӣ шуд ба набераи ман? Чаро рангат заъфарон? Афсурдаю беҳолу бемадор метобӣ?
- Не бибиҷон, ҳолам хуб аст,- оромона посух дод Сардор.
- Мебинам, ки чӣ тавр ҳолат хуб аст. Кӣ туро ранҷонд? Боз модарат ҷанг кард? Ё падарат сарзаниш кард? Агар ҳа, аз онҳо наранҷ. Волидон доимо ба фоидаи фарзандонашон онҳоро сарзаниш мекунанд. Мехоҳанд фарзандонашон боодоб ва инсони комилу шоиста ба воя расанд. Дуруст тарбия кардан, номи нек гузоштан, шароити хуб муҳайё сохтан барои фарзанд қарзи имониву виҷдонии ҳар як падару модар аст,- мӯйҳои фатилаи набераашро силакунон гуфт бибӣ.
- Не бибиҷон, наход аз падару модари худам ранҷам. Охир, бачаи каппа-калон бошам...
- Пас чаро ким-чихел метобӣ?,- боз пурсид холаи Зулайхо.
- Ким-чихел наметобам, бибиҷон. Ҳамааш хуб аст. Кӣ ҳам ҳад дорад набераи шуморо ранҷонад!?,- нимтабассум карда гуфт ҷавон.
- Пас, ман як ҳадс мезанам!
- Ё тавба. Чӣ ҳадс мезанед?,- қоҳ-қоҳзанон хандид Сардор.
- Ман ҳадс мезанам, ки ту ошиқ шудаӣ.
- Ё тавба-тавба. Монеде, бибиҷон. Шумо ин гапҳоро аз куҷо мегиред?
- Сардорҷонам, ягонаи бибиш. Ин мӯйи сарам беҳуда сафед нашудааст. Медонам, ки ту ба касе дил бастаӣ. Хайр вақту соаташ ҳам расидааст.
- Вақту соати чӣ?
- Вақту соати оиладор кардани ту,- бо қатъият гуфт кампир.
- Бибиҷон, шумо авлиёед. Аз куҷо дарди дили маро мефаҳмед?
- Аз таҷрибаи рӯзгор, писарам. Аз таҷрибаи рӯзгор. Хуш, канӣ нақл кун чӣ, ба кӣ дил бастаӣ? Оилаи намунавию хубанд охир?
- Оилаи хубанд, аммо ба ман не гуфтанд.
- Чаро не гуфтанд, писарам? Ту барин домод доштан орзуи ҳар як духтардор аст. Қомати зебову китфони базебат, қоши сиёҳу мӯйи фатилаат аз ту чашм кандан намемонанд.
- Оҳооооо. Ончунон таърифу тавсиф кардед, ки ошиқи худам шудам.
- Бале, ҷони бибиш, ба ту ҳар каси дида ошиқ мешавад.
- Бибиҷон, ман Моҳинурро аз синфи ҳаштиям дӯст медорам. Ростӣ, аввалҳо инро як ҳаваси кӯдакона гумон мекардам. Аммо мебинам, ки ишқу муҳаббат вуҷудамро месӯзад. Як лаҳза бе ӯ буда наметавонам. Ҳушу ёду хаёлам ба Моҳинур банд... Ба ягон кор дасту дилам намеравад. Дарди ишқ ҷонсӯзу тангудоз буданашро дарк кардам. Соатҳо сураташро аз телефон тамошо карда мешинам. Хаёлам ба чашмони зебову абрӯвони ҳилолаш меравад. Ҳоли худамро мебинаму достони Юсуф ва Зулайхо, Лайливу Маҷнун, Ромео ва Ҷулиетта, Фарҳод ва Ширин ва даҳҳо филмҳои ҳиндии дидаам пеши назарам меояд,- оҳи чуқур кашида гуфт ҷавони ошиқ.
- Эҳ нури чашмони ман, набераи ширини бибиш. Ман туро беҳуда Сардор ном намондаам. Хостам мисли бобоят ватандӯсту ғаюру ботамкин шавӣ. Вале он ишқе, ки ба сари бобоят омада буд, ба сари ту ҳам омадааст.
- Чӣ бибиҷон? Нафаҳмидам, фаҳмотар гап занед.
- Сардорҷон, замоне бобоят ҳам ба ман ошиқ шуда буд. Волидонам аз дар ронанд, аз тиреза меомад. Он қадар ишқу муҳаббат чашмонашро кӯр карда буд, ки аз ҳеҷ чиз даст намекашид. Ҳатто борҳо бародаронам "аз хоҳарам дур шав" гӯён, зери мушту лагад ва тозиёнаи сахт гирифта буданд. Ба ҳолаш дилам месӯхт.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ