Ман талабаи мактаб буда, ҳанӯз мехонам. Ҳарчанд дар оилаи осуда ба дунё омадаам, вале пушаймон аз онам, ки ба дунё омадам. Падарам корманди идораи давлатист ва аз хурдӣ бароям меҳр надод. Ӯ рӯзҳои якшанбе дар коргоҳаш навбатдор асту дигар рӯзҳо субҳи барвақт рафта, шаб дер меояд. Ҳамеша хаста буда, кам ҳамроҳамон мешинад.
Мо дар оила 6 фарзандем: 3 писар ва 3 духтар. Ман фарзанди 3 – юми хонадон ҳастаму бародару апаи аз худ калон дорам. Аҷибаш он аст, ки модарам ҳам ба ман заррае муҳаббат надорад ва ба корҳоям ҳатто диққат намедиҳад. Аввал, фикр мекардам, ки хаста аст шояд ё калон шудаам, аммо муоҳида кардам, ки бо акаву апаам муносибати хуб дорад. Бо хоҳару додаронам низ чунин рафтор мекунад
Баъзан фикр мекунам, ки шояд маро фарзандхон кардаанду инҳо падару модари аслиам нестам, аммо ба болои 5 фарзанди худашон ман боз чӣ лозимам ба онҳо гуфта, аз фикрам мегардам. Шояд писари шӯх буданам муҳаббати онҳоро нисбатам кам кардааст ё чизи дигар намедонам, аммо дар пеши чашмонам рӯю сари хоҳару додар ва акаву апаамро сила кардани модарам маро хуни ҷигар месозад. Аз худ мепурсам, ки чаро модарам муҳаббаташро барои ҳар яки мо баробар тақсим намекунад. Охир, ман чӣ гуноҳ дорам?
Аксар вақт тани танҳо дар кӯча меистаму мебинам, ки чӣ гуна модарон дар вақти нисфирӯзӣ барои хӯрдани таом фарзандонашонро ҷеғ мезананд, вале ман аз забони модарам танҳо номи бародару хоҳарамро мешунавам ё акаву апаамро. Ҳатто дар охири номашон пасванди ҷон илова мешавад. Боре маро ҷеғ намезананд. Агар аз субҳ то шом дар кӯча бошам ҳам, суроғам намекунанд. Баъзан аз алами зиёди дил гиря мекунам.
Ман ҳоло кӯдакам ва нав дар дар мактаб мехонам. Очаҷон, медонам, ки “Оила” – ро мехонед, барои ҳамин ба ин ҷо навиштам. Ба ман ҳам камтарак диққат диҳед. Охир, маро барои ғам хӯрдану азоб кашидан таваллуд накардагистед. Хоҳиш мекунам, очаҷон, ҳоло, ки дар дилам меҳратон шӯру шарар дорад, модариам кунед. Ман алкашу сигоркаши қади кӯча шудан намехоҳам. Ман ҳам номуси мардӣ дорам ва бо тамоми овоз мехоҳам гӯям, ки ман ҳам бароятон фарзандам, очаҷон!
Диловар,
сокини н. Ш. Шоҳин