Платформаи нави миллии таълимии Maktabmobile.tj дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ мавриди озмоиши пилотӣ қарор гирифт. Дар доираи ин озмоиш, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар семинарҳои омӯзишӣ ва муаррифии платформа баргузор гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар ин чорабиниҳо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони соҳаи технология ширкат варзиданд.
- Ҳадафи асосии семинар шинос намудани омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ бо имкониятҳои васеи платформаи Maktabmobile.tj мебошад. Иштирокчиён бо равандҳои сабти ном, идоракунии дарсҳо, боргузории маводҳои таълимӣ, ташкили имтиҳонҳои онлайн ва пайгирии натиҷаҳои хонандагон шинос шуданд,- меафзояд манбаъ.
Тавре зикр мегардад, ин низом имконият фароҳам меорад, ки омӯзгорон ва хонандагон дар муҳити ягонаи рақамӣ фаъолият кунанд, дарсҳоро фосилавӣ омӯзанд ва ба китобҳою супоришҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.