Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Ҷавонони синни даъват бо эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносӣ бо сари баланд ба ҳимояи марзу буми Ватан мераванд. Ҳоло дар ин баробар онҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон ба поён расида буд, ба рухсатӣ баргаштанд. Шаҳриёр Назруллоев аз зумраи чунин ҷавононест, ки бо сари баланд хизмати ҳарбиро ба итмом расонд. Ин ҷавони шуҷоъ ба мо аз як соли пурифтихору хотирмони ҳаёти сарбозӣ нақл кард.
Шаҳриёр Назруллоев соли 2002 дар оилаи зиёии шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, таҳсилашро дар ихтисоси муносибатҳои байналмилалии факултаи таърих ва ҳуқуқ идома дод. Ӯ баъди хатми донишгоҳ тасмим гирифт ба хизмати ҳарбӣ равад.
"Ҳанӯз давраи мактабхонӣ ният доштам, ки пас аз хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ меравам. Чун падару бобоям аз ҳаёти хотирмони сарбозӣ нақл мекарданд, ин хоҳиш дар ман дучанд меафзуд. Ҳамин тавр, баъди хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастам",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Шаҳриёр Назруллоев дар қисми ҳарбии 0305-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Шаҳритус воқеъ аст, адои хизмат намуд. Ба қавли ӯ, қисми низомии мазкур соли 2021 бо ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст.
"Шароити дидбонгоҳи мо дар сатҳи олӣ аст. Сарбозон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва Пешвои маҳбубамон, дидбонгоҳи сарҳадиро тозаю озода ва сабзу хуррам нигоҳ медоранд. Ҳаммом, ошхона, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи фароғатӣ, майдончаи варзишӣ ва дар умум тамоми шароит, бо биноҳои махсусу алоҳидаи муҷаҳҳаз дошт. Ростӣ, пеш аз хизмат рафтан гумон надоштам, ки дар қисми ҳарбӣ чунин шароити мусоид фароҳам аст",- нақл кард сарбози шуҷои Ватан.
Шаҳриёр Назруллоев мегӯяд, ки инсон дар хизмати ҳарбӣ рӯҳану ҷисман аз мактаби зиндагиву мардонагӣ масъулияту мустақилият меомӯзад. Ба гуфтаи ӯ, "дӯстӣ дар хизмати ҳарбӣ ба пайванди бародарӣ табдил меёбад".
Шаҳриёр дар озмуну мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ пайваста иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҳамзамон барои шуҷоату далерӣ ва интизоми намунавии ҳарбияш бо рутбаи сержанти хурд ва ифтихорномаи командири қисми ҳарбӣ қадрдонӣ шудааст.
"Пеш аз ҳама миннатдории самимии худро ба Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон иброз медорам. Ҳамзамон барои дастгирӣ ва ҳидояту роҳнамоӣ ба командирон ва кулли сарбозони қисми ҳарбии 0305-и Қӯшунҳои сарҳадӣ изҳори сипос менамоям. Ба ҷавонони синни даъват гуфтаниам, ки бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандии хешро адо намоянд. Вақте мо марзу буми Ватанро муҳофизат мекунем, оилаи худ, халқи худ ва ояндаи худро ҳифз менамоем. Ватан, ки моро ҳимояву парвариш мекунад, ҷавобан мо низ бояд ҳар як зарра хоки муқаддаси ин Ватанро муҳофизат намоем",- гуфт Шаҳриёр Назруллоев.
Шаҳриёр Назруллоев бар он ақида аст, ки ҷавонмардӣ танҳо дар сухан не, балки дар амал ифода меёбад. Имрӯзҳо ӯ ният дорад бо пайгирии донишҳои нав аз руйи ихтисос фаъолият намуда, дар ободии кишвар саҳм гузорад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ