Азиз беҳолона ҷониби духтур нигарист.
-Шумо ҳамчун мард ягон айбу иллат надоред, агар бо зани солим издивоҷ намоед, як сол нагузашта соҳиби фарзанд хоҳед шуд.
Ман инро ҳамчун табибе, ки муддати 40 сол боз бо мушкиоти безурриётӣ сару кор дорад, мегӯям,-таъкид кард духтур.
Азиз дар ҷавоб чизе нагуфта, танҳо табассуми талхе кард...
Иқрори зани маккор
Азиз натиҷаи тахисро рӯи миз паритофт ва дар ҳоле, ки чашмонаш ҳавли ашк гашта буданд, фарёд зад:
- Ту аслан бачадон надорӣ мефаҳмӣ?! Ягон зан бе бачадон ба дунё намеояд. Гап зан, чи номаъқлӣ карда будӣ, ки бачадонатро бурида партофтанд?! Кай ин корро кардӣ? Чаро аз ман пиҳон доштӣ, ки ҳеҷ гоҳ модар шуда наметавонӣ? Ту ҳаёти маро сӯхтӣ! Мефаҳмӣ, ҳаёти маро сӯхтӣ...
Мафтуна дигар чорае надошт ва иқрор шуд, ки як хатои ҷавонӣ ба сараш мусибати бузурге оварда, табибон маҷбур шудаанд, ки бачадонашро бурида партоянд.
-Мехостам аз аввал ҳамаашро бигӯям, вале модарам иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки “ҳой духтар, магар ту девона ҳастӣ, ки ин сирро фош мекунӣ. Бачадон надоштанатро фаҳманд, ҳаргиз ягон марди дунё туро ба занӣ намегирад. Бахтат хандида, чунин йигити зебою сарватманд талабгорат шудааст. Даматро ба дарун гирифта, ба шавҳар баро, он тарафаш ман ҳал мекунам”-гуфтанд. Барои ҳаимн ҳар гоҳ, ки ба назди табибон равем, модарам ҳамроҳамон мерафтанд ва масъаларо ҳал карда, айбро ба гардани шумо бор мекарданд, то касе ин сирро нафаҳмад”-сарашро аз замин набардошта, иқрор шуд Мафтуна.
Азиз бо нафрат ба чашмони занаш нигариста гуфт:
-Агар аз аввал росташро мегуфтӣ, шояд ба хотири ишқи бузурге, ки нисбат ба ту доштам, гуноҳатро мебахшидам ва то охири умр бо ту зиндагӣ мекардам. Аз хонаи бачаҳо кӯдакеро ба фарзандхонӣ гирифта, калон мекардем ва хуморамонро мешикастем, вале ман наметавонам бо зане, ки 10 соли дароз маро аҳмақ фарз карда, фиреб додааст, дигар ҳатто як лаҳза ҳам зиндагӣ кунам. ҷавобатро додам. Пули чиптаро медиҳам, холаам туро ба Тоҷикистон гусел мекунанд!
Мафтуна зор-зор гиря карда, худро ба пеши пойи шавҳараш партофт, вале Азиз бо нафрат ӯро аз худ дур кард..
Хандаи дукаратаи бахт
Дили Азиз аз ҷинси зан мисли ях чсард гашта, дигар хонадор шудан намехост, вале модару холааш ба ҷону ҳолдаш намонда, пас аз ним сол ӯро бо як духтараки нозанин, ки аз оилаи зиёӣ буд, хонадор карданд. Ин дафъа бахташ хандида, ҳамсараш духтари хуб,бомаънӣ ва ба дасту панҷа баромад. Вай Азиз ва волидонаш ҳурмату эҳтиром мекард.
Ҳамон тавре ки табиби хориҷӣ пешгӯӣ карда буд, аз байн як сол ҳам нагузашта ҳамсари Азиз ду шоҳписари нозанин ба дунё овард.
Сари ин ҷавонмарди дар ҳасрати фарзанд солҳои сол сӯхта аз тавлиди дугоникҳо ба осмон расида, худ ба худ мегуфт:
“Аҷаб аҳмақ будаам, ишқу муҳаббат гуфта, даҳ соли умрамро бо як зани безурриёт хазон кардам. Лаззати зиндагӣ дар фарзанд будаасту ман бехабар...”
Аҳа ҳамин тавр хонандагони азиз, дар зиндагӣ баъзан корҳое мешаванд,к и ба ақли инсон ҳеҷ намеғунҷанд....
Ф. Сатторӣ