-Писарам, ба эҳсосот дода нашав, охир садҳо духтарони гулбадану сарвқомати босавод ва ботарбия аз оилаҳои хубу намунавӣ дар орзуи ту барин домод ҳастанд.
Фикри он духтари кӯчагиро аз сарат берун карда, ягон арӯси муносибро интихоб намо. Ман девона нашудаам, ки ба як духтари бе аслу насаб хостгорӣ равам,-аз гапгардонии писаарш ба падар ба ғазаб омад модараш.
-Ман ба ғайр аз мафтуна дигар касеро ба занӣ намегирам! Хоҳед ҳамин, нахоҳед аз хона баромада меравам. Хонаву дари бошукуҳ вадавлату сарвататон ба худатон насиб кунад. Ман мард ҳастам, худам кор карда, сарҳисоби зиндагиамро меёбам ва бо Мафтуна хонадор мешавам,-Азиз инро гуфта бо ғазаб аз сари дастурхон бархост ва шараққосзанон дарро пӯшида ба ҳуҷраи хоби худаш даромад.
Бо дидани чунин рафтори писари яккаву ягонаашон ҳуш аз сари падару модараш парид, зеро Азиз дар оилаи сарватманд ба камол расида бошад ҳам, бисёр бачаи боодоб буд ва ҳаргиз ба рӯйи калонсолон, махсусан ба рӯйи волидонаш намедавид...
Хостгорӣ аз маҷбурӣ
Баҳсу мунозираи хостгорӣ қариб як моҳ тӯл кашид. Падару модараш ҳарчанд кӯшиш карданд, на бо панду насиҳат ва на бо таҳдиду зурӣ ишқи Мафтунаро аз дили Азиз берун карда натавонистанд. Оқибат кор ба ҷое расид, ки Азизи ошиқи шайдо дар назди волидонаш шарт гузошта, қасам хӯрд, ки агар Мафтунаро барояш хостгорӣ накунанд, сарашро гирифта, умуман аз Тоҷикистон баромада меравад, дигар на мурдаашро мебинанду на зиндаашаро.
Аз тарси он ки фарзанди яккаву ягонаашон хонаро тарк накунад, падару модараш ночор ба хонаи волидони мафтуна хостгорӣ рафтанд. Падару модари духтар аллакай дар бораи кию чикора будани онҳо ва домодшаванда маълумоти пурра доштанд ва нею нестон накарда, дар ҳамон хостгороии аввалин розигӣ доданд. Ҳамин тавр ду дилдодаро бо ҳам фотиҳа карданд ва дере нагузашта тӯй ҳам баргузор гашт...
Тӯйи осмонкаф
Тӯйи Азиз ва мафтуна чунон бошукуҳ гузашт, ки аҳли авлоди арӯс назирашро дар умрашон надида буданд. Дар тӯй якто не, чандин сарояндаҳои номдор иштирок доштанд ва бамзро чунон тасфонданд, ки ба қавле аз базми замин гуши фалак кар шуд. Домоду арӯс дар сари тахт худро мисли шоҳу малика хушбахт эҳсос мекарданд, вале...
Арӯси танбал
Мафтуна дар оилаи кмабизаот ба воя расида, волидонаш ҳатто хонаи шахсии худро надоштанд ва дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд. Ба чунин тинҷу осуда ва серу пур келин шуда, вай бояд аз ҷону дил хизмати хусуру хушдоманашро мекард, вале ин арӯси кабағал чунон нозу карашма мекард, ки одами нмедонистагӣ ӯро духтари шоҳ гумон мекард.
Мафтуна рӯз то бегоҳ дасташро ба оби хунук ҳам назада,мудом дар фикри орову тори худаш буд, вале нағмаҳои арӯси танбал ба назари Азизи аз ишқ чашмонаш кӯр гашта аслан наменамуданд. Мордараш ба танбалии арӯсаш ишорат карда, чизе гӯяд, Аззи дарҳол занашро тарафгирӣ карда мегуфт:
-Модарҷон, шукри худо дар хона чанд хизматгор дорем. Шарт нест, ки арӯси ман дастони нозукашро ба пиёзу равғану айнаву собун зада, хӯрок пазад ва хонаву дарро тамиз кунад...
Хушбахтии фарзанди ягонаашонро аз ҳама чиз боло дониста падару модари Азиз ба рафтору кирдори келин чашм мепӯшиданд ва худро нодида вонамуд мекарданд, аммо...
Давом дорад