arzon replenishment
Макри зан (ҚИСМИ 2)
1607

- Чӣ хел?,- бо тааҷҷуб гапи ўро бурид Сабрин,- о, Аваз мегуфт, ки писарам дар мактаб мехонаду…

- Эҳ асалбонуи хушбовар, ту бовар кардӣ?

Баъди ин савол Баноз оромона ба нақлаш давом дод:

- Аваз ба ҳамон сад зани пеш аз ту будааш ҳам ҳамин гапро мегуфт, “занам пиру безеб асту писарам мактабхон ва танҳо ба хотири писарам ман бо ў зиндагӣ мекунам”. Дар асл, ана ман дар пешат, зани безеб нестам, пир ҳам нестам. Аваз ҳеҷ гоҳ аз ман ҷудо намешавад азизам, зеро тиҷорати мо аз падари ман мерос мондаасту ба номи ман аст. Агар мо ҷудо шавем, ў муфлис мешавад, худат фикр кун, марди муфлис ба касе даркор аст?! Албатта не!

Сабрин ба симои зани Аваз нигоҳ мекард, чеҳраи зебо, тозаву озодаву хушлибос, боз ин қадар бомаданияту хушзабон… “Хок бар сарам, боз хато кардам”,- дар дил мегуфт Сабрин ва ба ҳама мардони олам нафрат мехонд. Артисти ҳаром, наход ҳама ҳиссиёту дўстдориву бўсаборонҳояш ҳам дурўғ буданд-а?!

Зани Аваз гўё фикрҳои Сабринро аз чашмонаш мехонд, ки гуфт:

- Хушрўи ман, Аваз агар актёр мешуд, беҳтарин мукофотҳоро сарфароз мегашт. Ў сари дилхоҳ бонуро бо ҳарфҳои ширинаш меёбад, шеърхонияшро намегўӣ!? Хулоса, мо аз хурдӣ ҳамдигарро дўст медорем то ҳол, вале ў булҳавас аст. Сабрин, азизам, хоҳиш мекунам, Авазро напарто, зеро баъди муносибат бо ту ў тамоман шахси дигар шудааст, дигар бо хонумҳои хиёбонӣ кам рафтуомад мекунад, вақти зиёдашро бо ту мегузаронад. Бисёр мехоҳам ҳамин равиш иваз нашавад, ман аз ту миннатдорам, азизам.

Сари Сабрин чарх мезад, дасту пояш меларзиданд. Ӯ базӯр худро ба даст гирифта, гуфт:

- Баноз, баъди ин қадар суханҳо ман дигар наметавонам бо шавҳари шумо ҳатто гап занам. Садқаи гап шавад, вай занакчаи ҳаром, ки боз маро аз пуштам ғайбат мекардааст. Дар пешам поямро мебўсаду аз қафоям ман аблаҳ будаам?! Шавҳаратон ба худатон насиб кунад, ман туф кардам ба рўйи ин гуна мард!

Сабрин пули қаҳваи хӯрдаашро рўйи миз гузошта, шитобон аз қаҳвахона берун шуд. Баноз оҳи сабук кашиду аввал кулчақанди худаш, баъд аз Сабринро бо иштиҳо хўрда, аз болояш қаҳваи хунукро дам кашиду бо табъи болида ба сўи хонааш шитофт. Дар дилаш ба ҳоли Сабрини зудбовар хандида, гуфт: “Нақшаи кашидаам боз кор дод! Аз ҷудо шудан аз шавҳару тақсими хонаву тиҷорат дида, ин хуб нест?! Қанд зан, Баноз!”.

Хулосаи қиссаи воқеии мо, хонандаи азиз, ҳамин байти машҳур аст:

Дарахти макри зан сад реша дорад,

Фалак аз дасти зан андеша дорад!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД