arzon replenishment
Макри маъшуқаи пир (ҚИСМИ 1)
4180

Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам. Падарам корманди милиса буданду модарам фарроши мактаб. Ҳарчанд падарам намехостанд, ки модарам кор кунад, аммо “бо маоши ками милисагӣ бори рўзгори калонро кашида наметавонӣ” гўён, модарам аз субҳ то шом заҳмат мекашиданд.

Ҳамин тавр, волидонам нўҳ духтару як писарро бо нони ҳалоли меҳнатӣ ба воя расонида, ба зиндагии мустақил гусел карданд. Падарам тамоман зидди хондану маълумоти олӣ гирифтани духтар буд. Аз ин рў, танҳо бародарам Донишгоҳи омўзгориро хатм карда, дар мактаби деҳа муаллим шуд. Апаҳоямро баъди хатми мактаб зуд ба шавҳар доданд. Волидонам ҷуфти муносибу зебое буданд, мо низ ҳамагӣ духтарони зебо ва ҳунарманд будем, аз ин рў, хостгорони зиёде доштем. Ман духтари кенҷагӣ ва дўстдори волидайнам будам, чун ба воя расидам, аз забони хурду калон тавсифи ҳусну ҷамоламро мешунидам. Ҳамон солҳо сериали «Просто Мария» мерафту ҳамсояҳо бо шӯхӣ маро Мария Лопес мегуфтанд. Хушдоронам аз мўйи сарам зиёд буданд, вале падарам бемори вазнин буданду касе дар фикри тўю сур набуд. Мактабро хатм кардаму падарам аз бемории саратони ҷигар оламро падруд гуфт. Хонаамон ғамхона ва нони дар он аёми мушкили баъди ҷанги шаҳрвандӣ меёфтаамонро гўё ба заҳр тар карда мехўрдем…

Модарам як бародар дошт ва ў ҳам аёми ҷавонияш дар садамаи мудҳише ба ҳалокат расида буд, мо ба писарони он кас рафтуомад доштем, вале солҳои ҷанг чанд вақт аз онҳо дарак нашуд. Як рўз ду писари тағоям бо модарашон бо мошини хориҷиии қимматбаҳое як дунё чизу чора бардошта, аммаашонро кофтанӣ омаданд. Модарам аз дидани бародарзодаҳояш беҳуш шуда, ба замин афтод, баъди каме ба худ омаданаш ба нею нестони онҳо нигоҳ накарда, гӯсфандеро пеши пояшон сар зад. Ҳарчанд зани тағоям, Бибинисо “мо туро хабаргирӣ омадаем, зиёфатхўрӣ не, охир зиндагият вазнин аст” гуфта бошад ҳам, модарам «ман шикаста бошам ҳам, нарехтаам» гўён, пеши меҳмонони олиқадараш дастархони пурнозу неъмате орост. Пас аз ин дигар ҷиянҳои модарам зуд-зуд ба хабаргирӣ меомаданд. Онҳо ҳарду тоҷир буданд, калонияш Боҳир зану фарзанд дошту Умар бошад муҷаррад буд. Бо маслиҳату кумаки онҳо акаам муаллимиро бас карда, дар маркази ноҳия магазине кушода, ҳамроҳи ҳамсараш ба тиҷорат оғоз кард. Ману модарам ду кўдаки ўро нигоҳубин мекардем. Дар як муддати кўтоҳ зиндагиямон ранги дигар гирифт, модарам садқаю балогардони ҷиянҳои баномусаш мешуду шукрони умри онҳоро мекард…

Як рўз модарам маро наздаш шинонида гуфт:

- Анораҷон, зани тағоят туро барои Умарҷон келин карданӣ аст. Асалан ман бо хеш қудо шуданро намеписандам, худат медонӣ, ки барои апаҳоят чанд хеши падарат бо мо қаҳрӣ шуданд. Аммо ман сухани зани бародари ягона ва ҷавонмаргамро шикаста наметавонам, баъд Умарҷон ҷавони хуб аст, оянда хор намешавӣ…

Модарам гап мезаду пеши назарам симои Умар падид меомад, ў ҷавони пастқомати сиёҳак буд. Аслан ман бо ягон ҷавон аҳди муҳаббат набаста бошам ҳам, дилам кашоли бародари дугонаам Аниса, Аҳрорбек буд. Аниса мегуфт, ки волидонаш мунтазири донишгоҳро хатм намудани акааш ҳастанду Худо хоҳад, ба хостгорӣ меоянд. Аммо ба чашмони ғарқи оби модарам нигоҳ карда, чизе нагуфтам ва маро ба Умар фотеҳа карданд. Зани тағоям бо савғоҳои зиёд ба хостгорӣ омаду бо меҳрубонӣ гуфт:

- Анораҷон, акаи Боҳират барои худаш хона сохтаасту Худо хоҳад, пагоҳ фардо кўчида меравад. Ба ҳавлии тағоят акнун ту соҳиб мешавӣ, Худо хоҳад барои мани бе духтар духтар хоҳӣ гашт.

Ман низ янгаамро бўсидаму аз ин меҳрубонии ў дилам пур шуда гиристам. Умарҷон ҷавони орзуҳои ман набошад ҳам, чун бо ҷавоне пеш аз ў ҳамсўҳбат нашуда будам, аз зери чодар дўсташ доштам. Шавҳарам сабзинаи пастқомат, вале тозаю озода ва хушсухан буд. Баъди шавҳар карданам, дар ҳавлии дуошёнаи зебою барҳаво зиндагӣ карда, тамоми шароитам муҳайё буд. Хушдоманам ба сарам қасам мехӯрду мисли фарзандонаш дўстам медошт, ман ҳам то метавонистам хизмати ўро ба ҷо меовардам. Ҳарчанд дар хонаамон бевазане чун ёрдамчӣ кор мекард, лекин ман кӯшиш мекардам, ки хўрокро худам пазаму либоси хушдоману шавҳарамро низ худам тамиз намоям. Шавҳарам дар гирдам парвона буд, субҳи барвақт ба кор мерафт, пулдор ҳам бошад, хўроки нисфирўзӣ ва шомро дар хона мехўрд. Оҳиста-оҳиста ба шавҳарам ошиқ шудам ва ўро ошиқона дўст медоштам.

АНОРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД