arzon replenishment
Макри хушдоману рӯзи сиёҳи келин (Қисми 13)
2777


Шаҳбоз ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт:
-Ман духтари холаи Саодатро намегирам, охир онҳо як оилаи камбағал ва пойлучу гадоянд. Ояндаи ман бо ин гадодухтар чи мешавад...


-Эҳа, ту худат кӣ будӣ, ки рмӯз боз холаи Саодатро гадо мегӯӣ?!
-Бисёр гап назан. Ман харгиз он духтарро ба зани намегирам.
-Шаҳбоз, ҳатто хотири модари беморамонро намекуни?
-Ту дурӯғ гуфта истдаӣ, ки ман духтари хлаи Садатро ба занӣ гирам. Ба модарам ягон чиз нашудааст, иншоааллоҳ сиҳат мешавад.
-Мегирӣ гуфтам, мегирӣ!
-Ман як гап дорам, намегирам гуфтам намегирам! Ман духтари як раиси пулдорро дӯстмедорам ва ҳамонро ба занӣ мегирам.
-Ту чи хел мардӣ, ки аз пушти зани пулдор шудан мехоҳӣ?!
-Ман хамин хел хоҳар. Аз камбағалӣ ба дод омада будам. Ба ман як рӯз бошад ҳам, зиндагии серу пур ва пулу мол даркор аст. Мефаҳмӣ, дигар мисли гадо зиндагӣ кардан намехоҳам...
Дилафрӯз дид, ки суханонаш аз як гӯши бародараш даромада аз гӯши дигараш баромада мераванд, даст афшонда ба хона баргашт.
Дилаш ин лаҳза ба ҳоли мдараш хун мегирист, охир модараш ба дарди бедавои саратон гирифтор аст, ин бародари аблаҳаш бошад, чунон аз ишқи пулу мол кӯр шудааст, ки дигар оламу одамро намебинад. Ҳарчанд кӯшиш кард натавонист Шаҳбозро розӣ кунонад, ки духтари мехостагии модарашо ба занӣ бигирад.
Ҳамин вакт дар тақ-тақ шуд ва духтари холаи Саодат салом дода ба хона даромад:
-Апаҷон, шумо чи хел?
-Хубам. Худат чи ҳол дорӣ?
-Шукри худо хубам. Ба беморхона рафта холаамро хабар гирифтам. Модарам ҳоло дар ҳамон ҷо ҳастанд. Ман барои шумо хӯроки гарм овардам. Канӣ, зуд дастатонро шуста сари дастархон шинеду оши туппаи ман пухтагиро хӯред.
-Чи хел нағз, ман оши тӯппаро дӯст медорам.
Онҳо то як поси шаб суғбат карда нишастанд. Маълум буд, ки ин духтараки шармгину хоксор ба Шаҳбоз кайҳо боз дил бастааст. Имрӯз дар беморхона Лайло ба ӯ гуфт, ки тайёр шав, ба наздики келини ман мешавӣ. Аз шодӣ кариб дод зада буд, охир аз самими дил Шаҳбозро дӯст медошт.
ххххх
Шаҳбоз ин дам савори мошин дар пахлӯяш духтари эркаи Салим-бойбача шаҳрро сайр мекарданд. Салим яке аз сарватмандони ин шаҳр ба ҳисоб мерафт. Боигариаш ҳадду хисоб надошт. Дар хонааш 12 хизматгор дошт. Духтараш Шаҳноза зебо набуд, аммо хеле олуфта либос мепӯшид ва ҳар субҳ ба кошонаи ҳусн рафта худро орову торо медод, бари ҳаимн зебо менамуд. Зоҳиран хушрӯй тбад ҳам, рафтору кирдораш ба духтарони кӯчагӣ монанд ва аз забонаш доим гапҳои фаҳш меборид. Бо Шаҳбоз мегашту бо дигар ҷавонмардон ба кинову дискотека мерафт. Бадахлокии ӯро тамоми устодону донишҷӯён медонистанд, аммо Шаҳбоз дидаву дониста ба ҳамин духтари бероҳа дил баста, ӯро ба занӣ гирифтан мехост. Гумон дошт, ки агар бо Шаҳноза хонадор шавад,ба воситаи падарарӯсаш соҳиби вазифаи баланде гашта, як умр мисли шоҳзодаҳо серу пур зинагӣ мекунад. Шаҳноза хонаҳои бадвоҳимаи падари Шаҳбозро дида аз дил гузаронд, ки Шаҳбоз ашрофзода будаасту ӯ то ин дам аз ин бехабар мондааст. Солҳои аввали донишчӯӣ ӯ ба Шаҳбоз хатто нимнигоҳе ҳам намекард. Акнун ба хонаи Шаҳбоз омада, давлату сарвати падари ӯро дида, бойбача будашаро фаҳмид ва розӣ шуд, ки зани ӯ шавад, аммо дар наздаш шарт гузошт:
-Шаҳбозчик, чор соли аввал фарзанддор намешавем. Кайфу сафо карда хориҷа ба хриҷа мегардем. Бароям хизматгор мегирӣ, чунки ман дар хонаи падарамумуман ягон кор намекунам. Ба сари ман дод намезанӣ, чи хеле, ки хоҳам, либос мепӯшам.
-Майлаш, ман ҳазор бор розӣ-чоплусӣ кард Шахбоз....
(Давм дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД