Модари зор гашта ба палата даромад ва ашки чашмонашро пок карда рӯйи бистар дароз кашид. Ҳамин вақт ҳамшираи шафқат даромада ба ӯ сӯзандорӣ гузаронд ва гӯё дар омади гап пурсид:
-Апаҷон, ин чавони хушрӯй, ҷиянатон зан дорад?
-Не зан надорад, аммо ин ҷавонписари болобаланди хушрӯ писари калонии ман аст.
-Пас чаро ӯ шуморо холаам гуфт?
-Чи, писарам маро холааш гуфт?!
-Не…ман хато кардам,-ҳамшираи шафқат лаб газида, гапро ба дигар тараф бурд.
Лайло дарун ба дарун мисли ҳузуми тар месӯхт ва лаҳзаҳои душвори зиндагиашро пеши ру меовард. Дар ошхона то нимашабӣ косаву табақ шуста гурдаҳояш чунон ба сӯзиш медаромаданд, ки тамоми мағз-мағзи ҷонаш месӯхт. Пойҳояш аз рост истодан карахт шуда, мисли бегона менамуданд, вале ба хотири се фарзандаш лаб зери дандон гирифта кор мекард, то ки бачаҳояш дар мактаб либоси хуб пӯшанду касе онҳоро бе падар гуфта таъна накунад. Дар вақташ барои ба донишгоҳ дохил шудани писаронаш ба куҷоҳое, ки надавид, вале акнун ба Шаҳбоз нодаркор шудааст. Писараш барои пулу мол шуда, думболи падарашро гирифтааст, ҳамон падари бераҳму ҷоҳилро, ки дар вақташ онҳоро мисли сагбачаҳои дайду ба кӯча бароварда пеш карда буд...
хххххх
Дилафрӯз барои модараш хомшӯрбо пухта овард ва дар рӯйи тумбочкаи модар ҳасибу дигар хӯрданиҳои лазизро дида фаҳмид, ки ин ҳамаро Шаҳбоз ё Далер овардагистанд.
Лайло ба он хӯрданиҳо ҳатто даст нарасонида аз ҳампалатаҳояш хоҳиш кард, ки ҳамаашро гирифта хӯранд.
-Модар, чаро чизе нахӯрдаед, охир гушна худро абгор мекунед?
-Ман серам духтарам. Ман танҳо ташнаи дидори писаронам ҳастам. Кӣ медонад, ки бори дигар онҳоро мебинам ё не...
-Модарҷон, чаро нияти бад мекунед?! Магар худатон фақат моро насиҳат намекардед, ки одам бояд ҳаме ша нияти нек кунад, зеро нияти нек ними давлат аст.
-Дилафрӯзҷон, духтари боақли оча! Маро гӯш кун, банда чашандаи марг аст. Рафту ман мурда монам, зиқ нашав. Ба ҷойи гиряву нола кардан ба рҳу арвоҳам як каф дуо фирист. Ба касе бадӣ накун, чунки дунё кироӣбадӣ надорад, духтарам. Бо бародарота оштӣ шав, гуноҳи падаратро ҳам бахшида рафту мад кун, духтарҷон. Кӣ медонад, шояд Худованд дар вақти бемории ман онҳоро бо падар якчоя кард, ки бачаҳоям азоб накашанд. Ман фақат як орзу дорам. Тӯйи домодии Шаҳбозамро бубинам. Духтари холаи Саодатро ба ӯ келин мекунам...
Аз ин суханони модар Дилафрӯз дарк кард, ки таги коса нимкосае ҳаст ва рафта бо духтури муоличавии модараш дар бораи бемории ӯ сӯҳбат кард.
Вақте бадарди бедавои саратон гирифтор будани модарашро фаҳмид, дунё дар пеши назараш якбора тираву тор гашт...
ххххх
Дилафрӯз худ ба худ фикр мекард, ки аз умри модараш рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва бояд илоҷе карда, орзуи охирини ӯро амалӣ созад, аз ҳаимн хотир рҳи хнаи падарашро пеш гирифт, то бо Шаҳбоз дар ин ора гуфтугӯ кунад.
Вай зориву илтиҷо мекард, ки охирин орзуи модари беморашро ба ҷо биёрад, вале Шаҳбоз ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт:
-Ман духтари холаи Саодатро намегирам, охир онҳо як оилаи камбағал ва пойлучу гадоянд. Ояндаи ман бо ин гадодухтар чи мешавад...
(Давом дорад)