Arzon march 2024
Макри хушдоману рӯзи сиёҳи келин (Қисми 10)
2055


-Далер, ақаллан ту ба худ ой, охир модарам туро чи цадар дӯстдорӣ карда, ҳамеша қанди оча, зардолучаи оча мегуфт ва садқаву бандаат мешуд...

Далер гунаҳкорона сар хам карда чизе нагуфт.
Ҳамин вақт падар ба хона даромада чойники чойро монду ба Дилафрӯз рӯ оварда гуфт:
-Духтарам, хуш омадӣ!

-Шумо инсоф доред ё не?! Модарам сахт бемор аст. Ба писаронатон гӯед, ки рафта ӯро хабар гиранд.
-Ман пеши роҳи инҳоро нагирифтаам.
-Пас чаро мисли одами майнааш шахшуда гап мезананд?
-Ҳамааш айби модари ҷодугарат...
-Модари ман ҷодугар нест! Модарамро тӯҳмат назанед!
-ту ин қадар духтари бетарбият будаӣ! Модарат ба ту чунни баадабиро ёд додааст!
-Бас кунед! Модарамро паст назанед, ки дилатонро сиёҳ мекунам! Канӣ рафтем Далер, ту- ку бачаи боақл будӣ,-Дилафрӯз аз дасти Далер дошта ӯро аз хона бароварданӣ шуд, вале вай “намеравам” гӯён худро қафо кашид.

Шаҳбоз ба зӯр дасти бародарашро аз чанги Дилафрӯз халос карда бо ситеза гуфт:
-Рав аз ин ҷо! Мо дигар ба он кулбаи қашшоқонаи шумо баргаштан намехоҳем!
-Ту чӣ гуфтӣ? Кулбаи қашшқона?! Магар ту дар ҳамон кулбаи қашшоқона калон нашудӣ? Бечора модари зорам ба хотири шумоён шуда дубора шавҳар накард ва худаш нахӯрда шуморо хӯронду худаш напӯшида шумоёнро пӯшонда, калон кард, вале имрӯз хонаи модар бароятон кулбаи қашшоқона шудааст?! Ту як зарра имону ақл дорӣ?
-Э раве,-Шаҳбоз шарм дошта дасти Далерро раво кард.
Дилафрӯзу Далер ба берун баромаданд. Далер нигоҳашро аз ӯ гурезонда истода гуфт:
-Апа, хафа нашав, ман як модарамро мебинаму боз ба хонаи падарам бармегардам.
-Майлаш.

хххххх
Модар баробари Далерро дидан гириста ӯро ба огӯш кашид ва бо чашмони пуроб гуфт:
-Бачаи кенҷаи оча, мурам туба, нури чашмонам! Акаат канӣ?
-Акаам дар хонаи падарам. Очачон, вай баъдтар меояд...
-Майлаш ҷони оча, равед назди падаратон, аммо маро напартоед.
-Мо шуморо напартофтаем.
-Ҷони оча, бо ман бош. Гумон мекунам, ки аз умрам рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд...
Лайло аз фарзандонаш касали саратон буданашро пинҳон мекард. Ҳанӯз як сол пештар, ҳангоми аз биниаш хун рафтан, баъди ташхиси тиббӣ дар беморхона ба ӯ гуфта буданд, ки «шумо ба бемории саратони бачадон гирифторед ва бояд аз хама чиз пархез кунед».
Аз ҳамон вакт сар карда Лайло кӯшиш мекард, ки фарзандонаш ҳама вакт бо ӯ бошанд, вале...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД