Arzon march 2024
Магар келини хондагӣ фоҳиша аст?
4169

 

 

Донишҷӯи соли 5-уми донишгоҳи тиббӣ мебошам. Волидонам маро ба писари як одами тақводор ба шавҳар доданд. Бо шавҳарам зуд унс гирифта бошам ҳам, ҳеҷ дили хушдоманамро ёфта натвонистам.

Хонаводаи шавҳарам розӣ набуданд, ки келинашон баъди тӯй қадамашро аз дар берун гузорад, вале шавҳарам ба ман иҷозат дод, ки таҳсиламро давом диҳам. Хусурам мисли занак аз рӯзи аввали зиндагӣ дар ин хонадон ба тамоми кору борам биниашро халонда “келин, ин либосат кӯтоҳ аст, зуд онро иваз карда дигарашро пӯшу рӯймолатро маҳкам банд. Ба сару рӯят ҳар хел крему хокаро намол, ки убол аст” гӯён, эрод мегирад, хушдоманам ҳам аз шавҳараш монданӣ надорад. Ба хотири шавҳарам, ки бисёр ҷавони меҳрубону ғамхору дилсӯз аст, ман ба падару модараш гап нагардонда, хомӯшона гуфтаҳояшонро мекардам, вале косаи сабрам торафт лабрез гашта истодааст. Шавҳарамро як кори таъҷилиаш баромаду маҷбур шуд, ки ба Русия сафар кунад. Аз рӯзе, ки писараш рафтааст, буҷули хушдоманам ба қавле асп хеста, бо талху пичинг ва гапҳои нешдораш ҷони маро ба лабам мерасонад. “Лаҷоми ин келинро худам накашам, шавҳари латааш кашида натавонист” гӯён, ин маршал-кампир чунон дағдағаҳое мекунад, ки ба ақли солим рост намеояд. Модаршӯям дар назди худию бегона “ҳой тирмизаки олуфтасатанг, дарс меравам гуфта ту худатро ба ҳама кару кӯри кӯча нишон додан мехоҳӣ-а?!” Бачаи сусти маро аҳмақ карда, ба мошинҳои бегона мешинӣ, туро ҳамин хел бо ихтиёри худат монанд, бероҳа шуда, сари моро дар замин мезанӣ, обрӯямонро мерезонӣ. Фаромӯш накун, то вақте зиндаам, ман намемонам, ки ту маймунбашара ҳаёти писарамро сӯзонӣ. Хокатро дудаста мебезам, агар аз хати кашидаам берун бароӣ! Ин ҷо хонаи отаю очаат нест, ки чи номаъқулие хоҳӣ, кардан гирӣ! Аслан, агар волидони ту одам мебуданд, намемонданд, ки духтарашон чунин бе рӯю бе сатр шавад…. ” гуфта, маро паст мезанаду таҳқир мекунад. Духтари мошинсавор ва бероҳа мебудам, аламам намекард, вале ман ягон бор ба рӯйи ягон марди номаҳрам назар накардаам. Бо роҳи худам рост ба дарс рафта меоям.

Куштани фарзанд дар ислом яке аз ҷиноятҳои вазнин ба шумор меравад, чунки бо содир кардани он яке аз сифатҳои Аллоҳ ҳамчун наҷотдиҳандаи инсоният инкор карда мешавад.

 

Намедонам чаро хушдоманам дар назди ҳаққу ҳамсояҳо аз ман бероҳа сохтан мехоҳад. Бетарбия беақл бадзот гуфтанаш ба дилам задааст, мехоҳам “хонаатон аз саратон монад” гӯяму баромада равам, вале ба хотири муҳаббати поки шавҳарам, ки маро аз сидқи дил дӯст медорад, худдорӣ менамоям. Вақте ки шавҳарам дар ҳамин ҷо буд, як бор рози диламро ба ӯ гуфта, хоҳиш кардам, ки ягон хонаи иҷора ёбад, дукаса кор карда пулашро медиҳем. Модараш ин гапро шунида қиёматро қоим кард, ки ту арӯси ҷодугар писарамро аз ман ҷудо кардан мехоҳӣ. Шавҳарам то имрӯз ягон бор ба ягон кори ман эрод нагирифтааст, вале волидони дилсиёҳаш бо заҳри забонашон хонаи ободи моро вайрон кардан мехоҳанд. Хушдоманам ошкоро мегӯяд, ки то рӯзе, ки зинда аст, намемонад, ки ман дар ин хона орому осуда зиндагӣ кунам. Сарҳисоби корамро гум кардаам, агар дарди диламро ба модарам гӯям, ғамбемор мешавад, ба падарам дарди дил кунам, намемонад, ки ман ҳатто як лаҳза дар ин ҷаҳаннам зиндагӣ кунам. Ба хотири вайрон нашудани оилаам сари кафида таги тоқӣ гуфта, ба волидонам сир бой намедиҳам, аммо дилам аз заҳри забони ин кампири беандеша як кӯза зардоб гаштааст. Дигар тобу тоқати шунидани таҳқири хушдоманаму маймунбозиҳои хусурамро надорам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Моҳсафар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД