Arzon march 2024
Маблағи алимент чӣ гуна муқаррар мегардад?
03.09.2023
ОИЛА
872

 

Собиқ ҳамсарон андозаи (маблағи) алиментро тибқи созишномаи пардохти алимент чӣ гуна муқаррар намуда метавонанд?

Комрон, шаҳри Душанбе.

 

Тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси оила, усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.

Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад. Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.

Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кўдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 Кодекси оила) камтар буда наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД