arzon replenishment
Лолаҳои сиёҳ (қисми 3)
1568

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

Боғигул зери раҳнамоии бародару янгаи меҳрубонаш донишгоҳро хатм кард, соҳиби диплому ҷойи кор гашт. Ба хотири духтараш дар як ятимхона духтур шуд, зеро дар оилаи бародараш се фарзанди дигар ба дунё омаду дигар ба гардани онҳо бор шудан намехост. Духтаракаш пеши назараш мехонду калон мешуд, бегоҳиҳо ба хонаи иҷораашон мерафтанд.

Боре Ғаниҷон, ки зиди ҷудо зистани хоҳараш буд, ба ӯ гуфт:

- Боғиҷон, ту зани хеле зебо ҳастӣ, нашавад, ки боз саратро марди дигар тоб диҳад?- Аммо ӯ ба акааш ваъда дод, ки ҳеҷ гоҳ дигар ёди мард намекунад.

Падару модараш ӯро ба Ватан хонда, мегуфтанд, ки биёву хонадор шав, аммо Боғигул бо ҳар баҳона аз фармони падару модар саркашӣ мекард. Оқибат диданд, ки намешавад боз Ҳалима ба ёрияш расид. Ӯ ба хушдоманаш, ки ба хабаргирии эшон омада буд гуфт:

- Очаҷон, Боғигул бемории аллергикие дорад, ки дар иқлими Тоҷикистон авҷ мегирад. Ба ҳамин хотир дар Маскав буданаш хуб аст, шавҳар бошад, намегурезад.

Волидонаш ба қисмати духтарашон тан доданд, Беназир ба синфи якум гузашту бо ёрии бародарону модараш Беназир дар маркази Маскав соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ гашт. Ними зиёди пули хонаашро худаш ҷамъ карда буд, чун анъанаи хуби тоҷикон бурёкӯбон карду таҷҳизоти хонаашро ёру дӯстонашу хешу табори дар Маскав будааш оварданд. Ӯ шукрона мекард, ки Худованд дастгиру мададгораш гаштааст. Панҷ вақт намозашро тарк намекард, хайрандеш буд.

 

Зиндагии дигар

Чун ба хонаи нав кӯчиданд, Беназирро ба як литсеи овозадор монду худ низ аз рӯи тахассуси худаш ба ҳайси духтури занҳо дар беморхонаи бонуфузе ба кор даромад. Беморон аз ӯ розӣ буданд, боре наздаш як бонуи сарватманди доғистонӣ омаду хеле гирист, ӯ бо алам гуфт, ки агар фарзанддор нашавам, шавҳарам зан мегирад ва ман аз рашк мемирам. Боғигул, ки аз Ҳалима хеле сирҳои психологиро омӯхта буд, хонумро ором карду гуфт:

-Аз рӯйи гуфтаатон шумо хеле сарватманд ҳастед, пас чаро ба ягон клиникаи машҳур муроҷиат накардед?

Хадича гириста, чунин посух дод:

-Мо ба хотири фарзанд ними ҷаҳонро гаштем, аммо фоидае надидем. Дирӯз як ҳамшаҳриям дар бораи шумо сухан карду тавакаллан наздатон даромадам. Боғигул ба Хадича фармуд, ки фардо ҳамроҳи шавҳараш биёяд, танҳо баъди як ҳафта зану шавҳар ба назди ӯ ҳозир шуданд. Боғигул шунид, ки Шамил ба Хадича мегуфт:

- Тамоми духтурони номдори дохилу хориҷ ба дарди мо даво наёфтанду ҳамин тоҷик туро фарзанддор мекунад?! Беҳтар нест, ки ба тақдир тан диҳем?- Хадича хомӯш буд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ХОЛААМ ХУШДОМАН ШУДУ ДУШМАНИ ҶОНАМ (ҚИСМИ 3)

Баъди дидани ташхисҳо, Боғигул ягон нуқси асосие барои фарзанддор нашудан надид, зану шавҳар каме шамолзадагӣ доштанд ва ӯ табобат фармуд, худаш ҳар рӯз доруву чак- чакҳоро мегузаронид. Баъд аз Ҳалима хоҳиш кард, ки як моҳ бо ин ҷуфт кор кунад ва рӯҳияи онҳоро ба ҷо биёрад.

Баъди табобати психологӣ ба онҳо фармуд, ки пеши домуллое рафта, мушкилашонро гӯянду ду-се бор дуохонӣ карда, баъд аз Худо умед кунанд. Ҳарчанд Шамил пеши ӯ як бандча пул гузошт, аммо Боғигул танҳо ҳаққи доруҳову хизмати Ҳалимаро гирифту халос ва дар намозҳояш аз Худо хоҳиш мекард, ки мушкили Хадичаи меҳрубонро осон гардонад.

Лутфи Худои меҳрубон

Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Боғигул низ кӯшиш мекард, то шиновари хуб бошад. Аз чизе камӣ надошт, хуб мехӯрду хуб мепӯшид, як тоҷикдухтар аз деҳаи дурдасти Тоҷикистон дар маркази Маскав хонаи зебову барҳавое дошт. Қомати шамшод, кокулони заминрӯб, чашму абрӯвони дилангези ӯ дили сад мардро мерабуданд, аммо ӯ хомӯш буд, аз мардон ҳазар мекард.

Як субҳ нав ба қабули беморон оғоз карда буд, ки Хадича ва Шамил вориди утоқаш шуданд, мард аз хурсандӣ ҳама урфу одати мусулмониро як тараф гузошта, ӯро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекард, шодии Хадича ҳадду канор надошт.

ИНЧУНИН:

АЗ "АҶИНАХОНА" ТО ГӮРИ ПИСАРИ АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Маълум шуд, ки баъди понздаҳ соли интизориҳо дар қади ӯ кӯдак шудааст. Ҳомиладории ин ҷуфти хушбахт зери назари Боғигул сурат гирифт ва бо гузаштани муҳлати муайян ХадичавуШамил соҳиби дугоник Ҳасану Ҳусейн шуданд.

Шамил бисёр мехост тӯй калоне диҳад, аммо Боғигул нагузошта гуфт, ки хуб мешуд як сол пас ё дар тӯйи суннатияшон хушнудӣ кунанд ва ҳамин хел ҳам шуд. Шамил ба ҷону ҳоли Боғигул намонда, аз ӯ орзуи амалӣ нашудаашро фаҳмидан мехост, инро ба марди хушбахт на Боғигул, балки Ҳалима гуфт.

Хоҳаршӯяш зиёд мехост дар Душанбе хона дошта бошад, Шамил ба Боғигул сюрпириз карда, бо ёрии бародарони ӯ дар як бинои навсохти маркази Душанбе барояш хона харид. Бори аввал баъди шикастанҳо, баъди понздаҳ сол Боғигул ба Ватан баргашт…

Подоши амал

Тобистон буду духтараш, ки дар синфи ҳашт мехонд, дар таътили тобистона буд. Ӯ се моҳро дар ватан гузаронид, падару модараш се моҳ бо ӯ буданд, онҳо гумон мекарданд, ки Беназир духтари Ғаниҷон аст, ки бо аммааш мезияд ва суоле пайдо нашуд. Беназир дар як муддати кутоҳ аз ҳисоби ҳамсояҳо дугонаву дӯст пайдо кард, дили Боғигул низ аз тамошои зебоиҳои Ватан пурсурур гашт.

Дар Ватан ӯро хотираҳо боз ба панҷаи худ гирифтанду ба хотири духтараш, ки барояш бебаҳо буд, ба суроғи падари ӯ рафт. Зангҳои пай дар пайи ӯ ҷавобе надоштанд, дарвозаро касе накушод. Пас аз чанде аз дарвозаи ҳамсоя зане берун омаду гуфт:

-Ба шумо кӣ даркор?

-Ба ман…Комил…

-Комил шаш сол пеш дар садамаи нақлиётӣ фавтид, модараш то чилрӯзагии писараш аз дунё гузашт, падараш зани ҷавон гирифта, ба Русия рафт, ин ҳавлиро ба духтарашон доданд, ӯ ҳамроҳи ҳамсараш баАмрико рафту хонаро фурӯхт. Соҳибони ин хона ҳам дар хориҷаанд ва ман онро нигоҳбонӣ мекунам. Боғигул боз пурсид:

-Комил зану фарзанд надошт?

-Не, Комил бадмасти гузаро буд, ба ӯ кӣ духтар медод?-гуфт ҳамсоя.

Боғигул бо зан хайрухуш карда, ба хонааш баргашт. Аз ин воқеа солҳо гузашт, инак Беназир дар курси дуввуми Донишгоҳии тиббии Маскав мехонад, онҳо барои пешвоз гирифтани Наврӯз ба Ватан омадаанд. Чанд бор духтараш аз ӯ дар бораи падараш пурсид, вале Боғигул хомӯш буд, акнун тасмим гирифт, ки имрӯз қиссаи лолаҳои сиёҳро ба духтараш нақл мекунад.

Казоват аз ӯст, чӣ гуна қабул мекунад, бад ё нек…

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Наргис 2023-08-24, 15:49
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Наргис 2023-08-24, 15:49
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД